Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳбусони тоҷик чорвопарварӣ мекунанд


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Дар чаҳор муассисаи ислоҳӣ ва маҳбаси вилояти Хатлон хоҷагиҳои чорводорӣ таъсис дода шудаанд, ки барои кори онҳо аз қувваи кории маҳбусон истифода мешавад.

Файзулло Холов, додситони нозири иҷроиши қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳии Хатлон, гуфт, ки дар муассисаҳои ислоҳии занонаи Норак ва мардонаи Қӯрғонтеппаю Ёвон ва Ҷиликӯл ба парвариши чорвои хонагии гову гӯсфанду буз ва ҳамчунин хук пардохтаанд.

Вай гуфт, мақсади аслӣ аз ин иқдом таъмини маҳбусон бо маҳсулоти гӯштӣ ва ширӣ мебошад: "Ба парваришу нигоҳубин ва чаро додани чорво асосан маҳбусоне ҷалб шудаанд, ки мӯҳлати адои ҷазояшон ба зудӣ анҷом меёбад."

Ба гуфтаи додситон, хукҳое, ки дар ин хоҷагиҳо парвариш меёбанд, асосан ба қисми ҳарбии марбут ба пойгоҳи низомии 201-уми Русия, мустақар дар шаҳри Қӯрғонтеппа, фурӯхта мешаванд, чун аксари маҳбусони муассисаҳои ислоҳӣ мусалмон буда, гӯшти хук истеъмол намекунанд.

Дар маъмурияти муассисаҳои ислоҳӣ хабар доданд, ки барои парвариши чорвои хонагӣ дар маҳбас аз боқимондаи ғизои маҳбусон истифода мешавад. Масъулон гуфтанд «ҳар рӯз дар маҳбас миқдори муайяни таом пухта мешавад. Аммо азбаски хешу табори маҳбусон вақти ба дидорбинӣ омадан бо худ ғизо меоранд, маҳбусон аз он таом тановул карда, ғизои маҳбасро намехӯранд. Аз ин рӯ, ҳар рӯз хӯрокҳои бисёр боқӣ мемонад, онро ба гову гӯсфанду хукҳо медиҳем».

Як зиндонӣ аз маҳбаси шаҳри Қӯрғонтеппа дар тамоси кӯтоҳи телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ғизои маҳбусон танҳо он замон гӯшт пайдо мешавад, ки ягон ҳайате аз созмонҳои нозир ё мақомоти баландпояи тафтишотӣ бо мақсади шиносоӣ бо вазъи маҳбусон вориди муассисаи ислоҳӣ мегардад. Иддаое, ки тафтиши дурустию носаҳеҳии он дар маҳбаси шаҳри Қӯрғонтеппа феълан берун аз имкон ба назар мерасад.
XS
SM
MD
LG