Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чор паёмади ҳамлаҳои Порис


Ҳамлаҳои хунини Порис лаҳни сӯҳбатҳои раҳбарони Аврупову Ғарб нисбат ба муҳоҷиронро шадидтар карда, эҳсоси бегонабадбинӣ нисбат ба мусалмонҳоро боло бурдааст.

Ҳамлаҳои хунини террористӣ дар пойтахти Фаронса, ки 129 кушта ва садҳо захмӣ ба ҷо гузошт, метавонад ба масоили сиёсӣ ва иҷтимоӣ дар Аврупо ва кишварҳои дигари Ғарб таъсири бузург бигузорад.

Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама ҳамлаҳои рӯзи 13 ноябр дар Порисро “ҳамла ба ҷаҳони мутамаддин” номид. Ин ҳамла, ки хунинтарин ҳамлаи террористӣ дар қораи Аврупо дар 11 сорли охир буд, алакай нирӯҳои зидди муҳоҷиронро дар саросари ин қора ба ҷунбиш оварда, эҳсоси бегонабадбиниро нисбат ба мусалмонон боло бурдааст.

Рӯзи сиёҳи муҳоҷирон сиёҳтар мешавад

Гузоришҳо дар ин бора ки дастикам яке аз ҳамлагарон дар Порис шояд дар байни паноҳҷӯёни суриягӣ ба Аврупо роҳ ёфтааст, лаҳни сӯҳбат ва бархӯрди бархе раҳбарони кишварҳоро нисбат ба сели муҳоҷирон аз замони Ҷанги дувуми ҷаҳон барои Аврупо бесобиқа шадидтар кардааст.

Мақомоти Юнон ва Сербия мегӯянд, марде ки ҳамчун Аҳмад Ал-Муҳаммад шиносоӣ шудааст, вале номаш метавонд қалбакӣ ҳам бошад, ҳамчун паноҳҷӯ аз Сурия дар аввалҳои моҳи октябр тавассути киштӣ ба Юнон омада, аз инҷо ба нимқораи Балкан рафт ва дар як урдугоҳи муҳоҷирон дар Хорватия ҷой гирифт.

Сарвазири Маҷористон (Венгрия) Виктор Орбан, ки барои гирифтани пеши роҳи сели муҳоҷирон дар марзи кишвараш бо ду кишвари ҳамсоя девор сохтаааст, рӯзи 16 ноябр гуфт, касе шумурда наметавонад, ки чанд террорист дар байни муҳоҷирон ба қаламрави Иттиҳодияи Аврупо роҳ меёбанд. Орбан гуфт, “ҳатто як террорист ҳам аз ҳад зиёд аст.” Ӯ барномаи Иттиҳодияи Аврупо ҷиҳати кишвар ба кишвар тақсим кардани садҳо ҳазор муҳоҷири ҷамъшударо низ ғайриқонунӣ номид ва гуфт, ки ин “терроризмро дар саросари Аврупо паҳн мекунад.”

Вазири мудофиаи Лаҳистон (Полша) Витолд Вашиковский рӯзи 15 ноябр гуфт, “даҳҳо ҳазор марди ҷавоне, ки iPad дар даст” вориди Юнон мешаванд, бояд ба Сурия пас фиристода шаванд, то “кишвари худашонро озод кунанд.” Як рӯз пештар вазири умури Аврупои Лаҳистон Конрад Зиманский гуфт, Варшава барномаи Брюссел ҷиҳати кишвар ба кишвар тақсим кардани муҳоҷиронро “аз лиҳози сиёсӣ имконпазир” намешуморад. Ҳукумати қаблии Лаҳистон, ки рӯзи 16 ноябр иваз шуд, ҷиҳати дар ду соли оянда пазируфтани ҳудуди 7000 паноҳҷӯ аз Сурия ва Эритрея ба Иттиҳодияи Аврупо ваъда супурда буд.

Ҳамлаҳои Порис, тавре интизор меравад, ҳамчунин садри аъзами Олмон Ангела Меркелро зери фишор бештар қарор медиҳад. Меркел то ҳол мардумашро ба пазируфтани садҳо ҳазор паноҳҷӯе, ки имсол ба Олмон омадаанд, ташвиқ мекард.

Дар Амрико довталаби номзадӣ ба президентӣ аз ҳизби ҷумҳурихоҳ Ҷеб Буш гуфт, Амрико бояд рӯи қабули “шумори маҳдуд”-и масеҳиёне, ки аз тарси таъқиб аз Сурия фирор мекунанд, тамаркуз кунад. Довталаби дигар Тед Круз, сенатори ҷумҳурихоҳ аз аёлати Техас гуфт, нақшаи Обама ҷиҳати пазируфтани ҳазорон паноҳҷӯ аз Сурия “хобу хаёле беш нест.” Ӯ низ аз Буш тарафдорӣ кардааст, ки Амрико ба пазируфтани паноҳҷӯёни масеҳӣ бартарӣ бидиҳад.

Рик Снайдер, волии аёлати Мичиган – макони зиндагии бузургтарин ҷамъиятҳои мусалмонони Амрико ҳам гуфтааст, ки раванди ба аёлати Мичигин фиристодани паноҳҷӯён аз Сурия мутаваққиф шудааст. Волиёни Алабама ва Луизиана низ мухолифаташон ба ирсоли паноҳҷӯёни суриягӣ ба ин ду аёлат дар ҷануби Амрикоро баён доштааст.

Афзоиши эҳсосоти зиддимусалмонӣ

Дар пайи ҳамлаҳои Порис ҳамзамон бо афзоиши мухолифати мақомот ба истиқрори паноҳҷӯён эҳсоси бегонабадбинӣ (ксенофобия) нисбат ба мусалмонон низ боло меравад. Аксари тақрибан 1 миллион муҳоҷире, ки интизор меравад, дар соли 2015 ба кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо бирезанд, мусалмонҳоянд. Раҳбари ростгароҳои Фаронса Мари Ле Пен дар як баёнияи телевизионӣ гуфт, Фаронса бояд созмонҳои исломӣ ва масҷидҳои тундравонро баста, муҳоҷирони ғайриқонунӣ ва имомҳои хориҷиеро, ки “ба адоват даъват мекунанд, ихроҷ кунад. Бо шадидтар шудани лаҳни зиддимуҳоҷирони ин сиёсатмадор эътибори ӯ дар назарсанҷиҳо, тавре ба назар мерасад, боло меравад.

Дар Ҳоллан баёнияҳои зиддимусалмонӣ боиси хеле боло рафтани мизони пуштибонӣ аз раҳбари ростгароён Гирт Вилдерс, ки “Қуръон”-ро бо китоби Адолф Ҳитлер қиёс карда буд, шудааст. Назарсанҷиҳо ҳокист, ки агар имрӯз интихобот шавад, ҳизби Озодии Вилдерс соҳиби се маротиба бештар курсии парлумонӣ мешуд.

Яке аз шиорҳои PEGIDA
Яке аз шиорҳои PEGIDA

PEGIDA (“Ватандӯстони Аврупо алайҳи исломишавии Ғарб”), як ҷунбиши зиддимусалмонии Олмон гуфт, ҳамлаҳои Порис боиси гирди ҳам омадани шумори хеле бештари мардум дар раҳпаймоиҳое, ки ин гурӯҳ ҳар рӯзи душанбе барпо мекунад, хоҳад шуд.

Ва Барак Обама ҳам, ҳарчанд рӯзи 16 ноябр дар Туркия гуфт, ки Амрико набояд зимни пазируфтани паноҳҷӯён ақоиди мазҳабии онҳоро бисанҷад, боз ҳам афзуд, ки ҷомиаи исломӣ бояд ҷиҳати пешгирии гароиши ҷавонон ба ақидаҳои ифротӣ талоши бештаре ба харҷ диҳад. Ӯ гуфт, раҳбарони мусалмонон алайҳи ифротгароии исломӣ кӯшиши кофӣ намекунанд.

Доналд Трамп, ки феълан дар сабқати довталабони номзадӣ ба президентӣ дар байни ҷумҳурихоҳон пешсаф аст, рӯзи 16 ноябр гуфт, ки ӯ масъалаи бастани масҷидҳоеро, ки имомҳои тундрав доранд, баррасӣ хоҳад кард.

Ҳамлаҳои Порис ҳамин тавр, сӯҳбатҳо дар бораи амалиёти бештари низомӣ дар Сурия ва ҳамкорӣ бо Русия дар ин заминаро афзудаааст. Чизи чоруме ки ин ҳамлаҳо тағйир медиҳад, бештар фикр кардани ҳукуматҳо ва мардумон дар бораи таъмини амнияти ҳаррӯзаи онҳост. Бино ба хабарҳо, дар Тоҷикистон низ баъд аз ҳамлаҳои Порис тадобири амниятиро шадидтар кардаанд.

XS
SM
MD
LG