Пайвандҳои дастрасӣ

Франсуа Ҳолланд гуфт, ки ҳамлаҳо дар Порис аз хориҷи кишвар тарҳрезӣ ва сармоягузорӣ шудаанд.

Франсуа Ҳолланд, раисиҷумҳури Фаронса, гуфт, ки дар ҳамлаи гурӯҳи «Давлати исломӣ» ба Порис 127 нафар ҷон бохтаанд. Ӯ дар як суханронӣ аз тариқи телевизион рӯзи 14 ноябр изҳор намуд, ки ҳамлаҳо аз хориҷи кишвар тарҳрезӣ ва сармоягузорӣ шудаанд.

Ҳамлаҳои террористии шоми ҷумъа, 13 ноябр ба шаҳри Порис – мудҳиштарин дар таърихи Фаронса аст.

Франсуа Ҳолланд нишасти изтирории ҳукуматро баргузор кард

Франсуа Ҳолланд нишасти изтирории ҳукуматро баргузор кард

Аз ин пеш полиси Фаронса хабар дод, ки дар асари ҳамлаҳои террористӣ дар пойтахти кишвар - шаҳри Порис дасти кам 120 нафар ба ҳалокат расидаанд. Додситони Порис Франсуа Молин ҳам дар сӯҳбати телевизионӣ гуфт, ки теъдоди қурбониёни ҳамлаҳои террористӣ 120 нафар аст.

Бино ба иттилои полис, ҳашт нафар аз ҳамлагарон ҳам кушта шудаанд – ҳафт нафари онҳо худро таркониданд ва як нафарашон ҳадафи тири полис қарор гирифт.

Гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар як изҳороти расмӣ, ки рӯзи 14 ноябр дар интернет нашр шудааст, навиштааст ҳамларо ҳашт узви ин гурӯҳ анҷом доданд ва "ҳафт бародари мо дар камарбандҳо маводи тарканда ва дар даст автомат доштанд". Ситезаҷӯён гуфтаанд, ки ин ҳамла посухи онҳо ба таҳқири Паёмбари ислом ва ҳамлаҳои ҳавоӣ ба қаламрави таҳти назорати "Давдати исломӣ" аст.

"ХУНБОРТАРИН ШАБИ ПОРИС"

Аз ин пеш хабаргузориҳо бо такя ба муовини шаҳрдори Порис навиштанд, ки фақат дар толори консертии "Батаклан" 118 нафар аз сӯи чаҳор гаравгонгир кушта шуданд ва 40 нафар ҳам дар ҳамлаҳои дигар ба ҳалокат расиданд. Муовини шаҳрдор аз ҷон бохтани чаҳор пулис дар амалиёт дар ин толори консертии Порис ҳам хабар дод. Баъдтар хабаргузориҳо теъдоди қурбониён дар толори консертиро 87 нафар гуфтанд. Замони ҳамлаву гаравгонгирӣ дар консерти симфонии як гурӯҳи ҳунарии амрикоӣ 1500 нафар ҳузур доштанд.

Ба гузориши пулиси Фаронса, пас аз гаравгонгирӣ дар толори театр фазои муташанниҷ ва даҳшатборе будааст ва ҳамлаварон як-як гаравгонҳоро бо тир ба қатл расониданд. Садои тирандозӣ сабаб шудааст, то кормандони пулис ба толори намоишгоҳ ҳамла кунанд.

Як хабарнигор, ки дар толор ҳузур дошт, ба телевизиони CNN гуфтааст, ки дар ҷараёни барнома ду-се фарди мусаллаҳ ба саҳна баромада ва сӯи мардум оташ кушоданд. Тирпарронӣ чанд дақиқа тӯл кашид ва тамошобинон худро ба замин андохта буданд, то ҷон ба саломат баранд.

Пулиси Фаронса мегӯяд, чаҳор нафаре, ки ба толори консерти "Батаклан" ҳамла карданд, кушта шуданд. Се нафари онҳо камарбанди интиҳории худро мунфаҷир кардаанд.

Тибқи гузоришҳо, рӯзи ҷумъаи 13 ноябр ду таркиш дар наздикии як стадион дар Порис ва ҳамчунон тирандозӣ дар маркази ин шаҳр рӯй додааст ва мақомҳои пулиси Фаронса гуфтаанд, ки дар ҳамлаҳо даҳҳо нафар кушта ва шумораи зиёди маҷрӯҳ шудаанд.

Бархе аз расонаҳои маҳаллӣ, шаби гузаштаро "хунбортарин шаб" дар пойтахт дар даҳсолаҳои ахир номиданд.

Ба дунболи ҳамлаҳо ва таркишҳои дар Порис, раиси ҷумҳури Фаронса дар он кишвар вазъияти изтирорӣ эълон кард ва дастур додааст, ки ҳама марзҳои он кишвар баста шаванд.

ГУЛАСАЛ КАМОЛОВА: "МАРДУМ ҲАЙРОНАНД ВА ХУДРО БОХТААНД"

Мақомоти Порис аз мардум тақозо кардаанд, ки то таъмини амнияти комил дар шаҳр аз хонаҳояшон берун нашаванд. Гуласал Камолова, хабарнигори қирғизи муқими Порис, дар сӯҳбат бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, ки бо вуҷуди ин тақозои шаҳрдорӣ субҳи шанбе дар хиёбонҳо одамон бо кӯдакон дида мешаванд ва аммо онҳо бештар барои харид ба супермаркетҳо мераванд. Ба назар мерасад, ки одамон ҳайронанду худро бохтаанд, ҳарчанд шабона чеҳраашон ваҳшатзада буд, гуфт Гуласал. Ӯ афзуд, ягона тағйирот дар маҳаллашон - пайдо шудани низомиёни зиёди силоҳбадаст дар хиёбонҳост,

Ба гуфтаи Гуласал Камолова, тамоми шаби гузашта болои шаҳр чархболҳо парвоз мекарданд ва то субҳ садои сигнали мошини полису "ёрии таъҷилӣ" шунида мешуд.

Расонаҳои фаронсавӣ алҳол аз айбдор кардани гурӯҳе дар ин ҳаводис худдорӣ мекунанд. Аз ҳамлаҳо ба мусалмонҳо, тавре баъд аз ҳамлаи террористӣ ба маҷаллаи "Шарлӣ Эбдо" ибтидои сол сурат гирифта буданд, низ алҳол хабаре дарҷ нашудааст. Аммо аксари мусалмонҳои Фаронса, ҳадди аққал онҳое, ки ман мешиносам, аз ин ҳодиса дар ҳоли шок қарор доранд, мегӯяд Гуласал Камолова.

Дар бораи он ки миёни қурбониёни ҳамлаҳои террористӣ, шаҳрвандони Осиёи Марказӣ ҳастанд ё не, иттилое зери даст нест. Гуласал мегӯяд, ки одамон тавассути шабакаҳои иҷтимоии Фейсбук ва Твиттер аз худ дарак медиҳанд ва дӯстону пайвандонашро аз вазъи худ дар ҷараён мегузоранд.

Ёдовар мешавем, аввалин гузоришҳо дар бораи ҳамла аз як тарабхонаи шаҳр расидаанд. Тибқи хабарҳо, ду фарди мусаллаҳ болои меҳмонон оташ кушоданд ва аз маҳали ҳамла фирор карданд. Тақрибан дар ҳамон вақт гурӯҳи дигари силоҳбадастон болои театри “Батаклан” ҳамла карданд.

Ҳамчунон ҳангоми қувваозомии дӯстона миёни дастаҳои футболи Фаронса ва Олмон дар канори варзишгоҳи пойтахти Фаронса, се таркиш рух додааст. Баъд аз ин президенти Фаронса Франсуа Олланд, вазири умури дохилии он кишвар ва вазири корҳои хориҷии Олмон аз варзишгоҳ ба ҷои амн интиқол дода шуданд.

Полиси Фаронса рӯзи 14 ноябр дар Твиттер дар бораи манъи баргузории ҳама гуна намоишҳо дар баъзе маҳаллаҳои минтақаи Ил-де-Франси Порис хабар дод. Дар мавзеъҳои канори пойтахт – Сен-Сен-Дени, О-де-Сен ва Вал-де-Мари низ ҳама гуна таҷаммӯъи мардум манъ карда шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG