Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳамлаҳои террористӣ дар шаҳри Порис ба барномаи нишасти G-20 дар шаҳри фароғатии Белеки Туркия тағйирот ворид карданд.

Нишасти сарони G-20 ё Гурӯҳи бист кишвари пешрафтаи саноатии олам, ки таври маъмул бештар рӯи масоили иқтисодӣ тамаркӯз мекунад, рӯзи 15 ноябр дар шаҳри фароғатии Белек, воқеъ дар минтақаи Анталияи Туркия, бо баррасии ҳамлаҳои Порис оғоз ёфт ва мавзӯи мубориза бо терроризм дар меҳвар қарор гирифт.

Ҳама сарони кишварҳои дар Белек ҷамъомада ҳамлаҳо дар Порисро маҳкум карданд ва изҳор намуданд, ки ҳама якҷоя набард бо терроризмро идома хоҳанд дод. Онҳо дар рӯзи аввали нишасти Гурӯҳи 20 дар бораи таҳкими ҳифзи марзҳо ва боло бурдани амнияти ҳавопаймоҳо ба созиш расиданд.

"ҲАМЛА БА ПОРИС - ҲАМЛА БА ОЛАМИ ТАМАДДУН АСТ"

Раисиҷумҳури Фаронса Франсуа Ҳолланд рӯзи шанбе баъд аз ҳамлаҳои терористӣ дар Порис сафараш ба Туркияро лағв кард.

Бар пояи иттилои ахир, дар ҳамлаҳо ба Порис, ки шоми ҷумъа, 13 ноябр аз сӯи гурӯҳи “Давлати исломӣ” анҷом шуданд, 129 нафар кушта ва беш аз 350 кас маҷрӯҳ шуданд, вазъи 99 нафар аз захмиён вахим арзёбӣ мешавад. Полиси Фаронса рӯзи якшанбе, 15 ноябр, чанд тан аз пайвандону ошноҳои яке аз ҳафт нафари дар ҳамлаҳои террористӣ дар Порис ширкатдоштаро дастгир кард. France-Presse бо такя ба манбаъҳояш дар сохторҳои интизомӣ навиштааст, ки шаш нафар, аз ҷумла, падар ва бародари шаҳрванди Фаронса Умар Исмоил Мустафоӣ боздошт шудаанд. Шахсияти мустафоиро аз изи ангушти дасташ дар толори консертии «Батаклан» пайдо карданд – дар ин толор се маргталаб худро таркониданд ва мунҷар ба ҳалокати 89 нафар шуданд

Порис баъди ҳамлаҳои маргбор

Порис баъди ҳамлаҳои маргбор

Ҳанӯз қабл аз шурӯи нишасти Гурӯҳи 20 Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, ҳамлаҳои террористӣ дар Порисро “ҳамла ба олами тамаддун” номид. Ӯ дар нишасти хабарии муштарак бо ҳамтои туркаш Раҷаб Тайиб Эрдуғон изҳор намуд, ки ИМА ба Фаронса дар тафтиши ҳамлаҳои террористии рӯзи 13 ноябр ва муҷозоти омилони ин ҳамлаҳо кӯмак хоҳад кард.

Сарвари Русия Владимир Путин ҳам дар мулоқоти ғайрирасмии сарони БРИКС (Бразилия, Русия, Ҳиндустон, Ҷумҳурии Африқои ҷанубӣ ва Чин), ки дар долонҳои нишасти Гурӯҳи 20 баргузор шуд, бо ишора ба ҳамлаҳои Порис гуфт, ки аз байн бурдани таҳдиди террор ва кӯмак ба муҳоҷирон фақат дар сурати муттаҳидии ҳама кишварҳои олам мумкин аст.

БАШОР АСАД РАВАД Ё НАРАВАД?

Дар нишасти Гурӯҳи 20 дигар масоили умдаи сайёра – низоъ дар Сурия, бӯҳрони муҳоҷират ва тағйири иқлим баррасӣ шавад. Коршиносон мегӯянд, ки шояд баҳсҳои бештар рӯи бӯҳрони Сурия сурат бигиранд. Як рӯз пеш дар музокирот дар Вена, пойтахти Австрия, ҷадвали ташкили ҳукумати давраи гузариш дар Сурия ҳамоҳанг карда шуд. ИМА, Русия, ҳайатҳои кишварҳои аврупоӣ ва Ховари Миёна тарҳи эҳёи раванди сиёсӣ дар Сурияро таҳия карданд, ки ду солро дарбар мегирад ва бо интихобот поён меёбад.

Аммо ширкаткунандагон дар мавриди сарнавишти раисиҷумҳури Сурия Башор Асад ба як назари воҳид даст наёфтанд. Амрикову Арабистони Саъудӣ барои барканори и Башор Асад пойфишорӣ доранд, Русияву Эрон бошанд ба ин мухолифат мекунанд. Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико, дар нишасти Вена, аз ҷумла, гуфт, ки Асад бо гурӯҳи "Давлати исломӣ" муомилаи худро дорад. Онҳо нафт мефурӯшанд, ӯ нафт мехарад, афзуд ӯ.

Аммо Сергей Лавров вазири умури хориҷии Русия мутмаин аст, ки аз байн бурдан ё барканории роҳбари мустабид боиси шукуфоии кишвар намешавад. Ӯ ба қазияи Саддом Ҳусейн ва Муаммар Қаззофӣ ишора намуд ва афзуд, аз мақом рафтани Башор Асад ҳам мушкили Сурияро ҳал нахоҳад кард, зеро наметавон Асадро гунаҳкори асосӣ номид.

Барак Обама ва Владимир Путин дар ҳузури тарҷумонҳо ним соат сӯҳбат карданд

Барак Обама ва Владимир Путин дар ҳузури тарҷумонҳо ним соат сӯҳбат карданд

Дар чаҳорчӯби нишасти Гурӯҳи 20 дар шаҳри Белеки Туркия мулоқотҳои дигар ҳам сурат мегиранд. Аз ҷумла, қарор аст, ки Владимир Путин бо раисиҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раҳбарони Чин, Олмон, Бритониё ва раиси Сандуқи байнулмилалии пул Кристин Лагард мулоқотҳои алоҳида анҷом диҳад. Мулоқоти дуҷониба Барак Обама ва Владимир Путин ҳамоҳанг нашудааст, аммо, ба иттилои мақомоти Русия, дар долонҳои нишаст онҳо бо ҳам аллакай гуфтугӯҳое кӯтоҳе доштанд. Аз ҷумла онҳо тақрибан ним соат дар ҳузури тарҷумонҳо гуфтугӯ карданд, аммо ҷузъиёти ин сӯҳбат дастраси расонаҳо нашудааст.

Нишасти Гурӯҳи 20 рӯзи душанбе, 16 ноябр идома мекунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG