Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баъди ҳамлаҳои Порис. Афзоиши тадбирҳои амниятӣ дар Душанбе


Нирӯҳои милиса дар маркази Душанбе
Нирӯҳои милиса дар маркази Душанбе

Дар пайи ҳамлаҳои Фаронса, дар Тоҷикистон низ, тавре ба назар мерасад, чораҳои амниятиро афзоиш медиҳанд.

Дар пайи ҳамлаҳои хунин дар пойтахти Фаронса ба хотири амнияти шаҳрвандон дар Тоҷикистон тадобири гуногун андешида мешавад. Парлумони Тоҷикистон тағйироти нав ба Қонун дар бораи мубориза ба терроризмро баррасӣ мекунад ва кормандони мақомоти интизомӣ назорат дар ҷойҳои ҷамъиятиро бештар кардаанд.

Баъди ҳамлаҳои Порис. Афзоиши тадбирҳои амниятӣ дар Тоҷикистон.
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:34 0:00

Ҳоло пас аз амалиёти 12-рӯзаи моҳи сентябр алайҳи гурӯҳи мусаллаҳи Абдуҳалим Назарзода, муовини собиқи вазири мудофиа, дубора дар дидбонгоҳҳо дар қатори кормандони БДА афсарони силоҳдорро ҳам метавон мушоҳида кард.

Бегоҳии 16-уми ноябр дар майдони марказии шаҳри Душанбе дар назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ кормандони пулис ҷамъ шуданд ва пас аз гирифтани супориш ба гӯшаҳои гуногуни шаҳр барои назорат сафарбар шуданд.

Ҷалолиддини Садриддин, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ҳеҷ нигаронии ҷиддие вуҷуд надорад ва тамоми талоши кормандони милиса ба хотири таъмини тартибот ва пешгирӣ аз ҷинояту ҷинояткорӣ равона шудааст. Ба гуфтаи ӯ, кормандони милиса мисли ҳамеша вазифаҳои хидматии худро анҷом медиҳанд.

Ҷӯрахон Маҷидзода
Ҷӯрахон Маҷидзода

Ҷӯрахон Маҷидзода, раиси Кумитаи тартибот ва амнияти парлумони Тоҷикистон рӯзи 16-уми ноябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳодисаҳои Фаронса нишон дод, ки гурӯҳҳои харобкор дар пайи иваз кардани шеваи вайронкориашон ҳастанд. Ӯ мегӯяд, зарурате ба вуҷуд омадааст, то бо омӯхтани шеваи кори террористон дар саросари ҷаҳон қонунгузорӣ дар самти мубориза бо терроризм тағйир ёбад. Ҷаноби Маҷидзода мегӯяд, бар асоси ин қонун ба хотири дар муҳосира қарор додани терористон дар маҳалле, ки алайҳашон амалиёт ҷараён дорад, дастрасӣ ба интернет ва иртиботи телефонӣ қатъ карда хоҳад шуд.

Инчунин, ба гуфтаи ӯ, қарор аст, то фурӯши телефонҳои мобил, симкортҳо ва дигар дастгоҳҳои электронӣ бо шеваҳои хос, мисли гирифтани шиноснома ва изи ангуштон ба сокинон фурӯхта шаванд: “Таҷриба нишон дод, ки аксари ҷинояткорон ҳангоми содир кардани ҷиноят аз 10 то 15 симкортро истифода бурда, баъдан онро мепартоянд. Акнун, имрӯз дар дигар давлатҳо, мисли Покистон, аз рӯи симкорт ва телефони мобил ҷинояткорро ба осонӣ пайдо мекунанд. Ба хотири пешгирӣ аз ҷинояткорӣ мо сари ин масъала низ фикр дорем ва мехоҳем, рӯи фурӯши симкортҳо, телефонҳои мобилӣ ва дигар дастгоҳҳои электронӣ, ки иртиботро таъмин мекунад, чораандешӣ кунем.”

Ин вакили парлумони Тоҷикистон бовар дорад, ки бо қабули ин қонун дасти мақомоти интизомӣ дар мубориза алайҳи терроризм бозтар хоҳад шуд.

"Сайтбандон" дар Тоҷикистон қонунӣ мешавад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:55 0:00

Иловаҳо ба Қонуни мубориза бо тероризм ду моҳ баъд аз амалиёти зидди гурӯҳи Абдуҳалим Назарзода дар дараи Ромит ва ҳам дар рӯзҳоест, ки пайваста аз Афғонистон дар бораи таҷаммӯи гурӯҳҳои мухталифи тундрав, аз ҷумла ҷангиёни марбут ба созмони тундрави “Давлати исломӣ” дар марз бо Тоҷикистон хабарҳо ба даст мерасанд.

Парвиз Муллоҷонов, сиёсатшиноси тоҷик мегӯяд, то ҳодисаҳои Фаронса зоҳиран мақомоти тоҷик таҳдидҳои “Давлати исломӣ” дар марз ба Афғонистонро ҷиддӣ намегирифт, аммо ҳамлаҳои Порис нишон дод, ки шеваи бархӯрд бо ин гурӯҳҳо бояд тағйир кунад. Ӯ мегӯяд, ҳамалаҳои террористӣ дар қалби оромтарин кишвари аврупоӣ ҳатман низоми амниятӣ дар кишварҳои ҷаҳонро дигаргун мекунад ва Тоҷикистон низ аз ин ҷумла истисно нест.

Ӯ гуфт: “Ба бовари ман, дар пайи ин ҳамалҳои терористӣ дар Фаронса низоми амнияти ҷаҳонӣ дигаргун мешавад. Ин албатта, ба Тоҷикистон ҳам таъсир мерасонад. Дар ин масъала гумон мекунам, Тоҷикистон бо Русия пайравӣ хоҳад кард. То ин замон таҳдидҳои “Давлати исломӣ” ҷиддӣ гирифта намешуд, аммо ҳоло эҳсос мешавад, ки ин гурӯҳ аз контрол хориҷ шудааст ва бидуни иродаи сармоягузоронаш низ ба корҳое даст мезанад. Азбаски “Давлати исломӣ” дар Афғонистон пурзӯр мешавад, Тоҷикистон ҳатман чораҳои ҷиддитаре хоҳад дид. Ин чораҳо дар кадом шакл дида мешаванд, ҳоло маълум нест, аммо бовар аст, ки дар ин маврид хеле зуд тасмим гирифта мешавад.”

Бархе сокинони Тоҷикистон мегӯянд, пас аз ҳодисаҳои Фаронса каме дар ташвиш афтодаанд, аммо бархеи дигар мегӯянд, ба нерӯмандии мақомоти интизомии кишвар бовар доранд ва аз ин рӯ, нигароние надоранд.

Саида, як ҷавондухтари тоҷик мегӯяд, пас аз ҳодисаҳои Фаронса бар ин меандешад, ки террористон дасти дарозе доштаанд: “Каме хавотирам ва дар дилам тарс пайдо шудааст. Худо нишон надиҳад, аммо бубинед, ки онҳо то Порис рафтанд. ”

Аммо Юнус Улфатов, як ҷавони дигар бовар дорад, ки мақомоти интизомии Тоҷикистон дар мубориза бо террористон дастболо мешаванд: “Мо кафедраи ҳарбӣ мехонем ва дидем, ки гурӯҳи террористии Назарзодаро чӣ хел нобуд карданд. Ин гурӯҳ хеле пурқувват буд ва дохилро хуб медонист. Ҳамин гурӯҳро, ки шикастанд, дигар аз ягон гурӯҳаш тарс надорам.”

Тайи ду соли ахир гурӯҳҳои тундрав пайваста тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ аз омодагии худ ба ҳамлаҳо алайҳи Тоҷикистон пайём медиҳанд. Мақомдорони гуногуни Русия низ пайваста аз хатари гурӯҳҳои террористӣ дар марзи Тоҷикистон ҳушдор медиҳанд. Аммо мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, авзоъ зери назорат аст ва онҳо қодиранд, бар ҳам гуна гурӯҳҳои харобкор дастболо шаванд.

XS
SM
MD
LG