Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Занони афғон ба зидди Толибон бархостаанд


Занон дар Афғонистон аз ҳамлаву бомбгузориҳои Толибон ба дод омадаанд ва дар баъзе аз навоҳӣ худашон аслиҳа ба даст гирифта ба зидди аъзои ин гурӯҳи тундрав меҷанганд.

Занон дар Афғонистон аз ҳамлаву бомбгузориҳои Толибон ба дод омадаанд ва дар баъзе аз навоҳӣ худашон аслиҳа ба даст гирифта ба зидди аъзои ин гурӯҳи тундрав меҷанганд.

Дар шимоли Афғонистон, ки ҳамлаву бомбгузориҳои Толибон афзоиш ёфтааст, даҳҳо зан барои муҳофизати рустову молу мулки хеш аслиҳа ба даст гирифтаанд. Дар ноҳияи Дарзоб дар вилояти Ҷузҷон, моҳи октябр ҳангоми ҳамлаи Толибон ба деҳаи Шаҳтут, занони деҳа низ дар канори мардон ба тундравон муқовимат карданд. Аз он замон то кунун воҳиди ҷангии занон дар Ҷузҷон ба 45 нафар расидааст. Бисёре аз онҳо гову гӯсфандҳояшонро фурӯхта аслиҳа, аз ҷумла автомати "Калашников" харидаанд.

Занони дар бархе манотиқи вилояти Ҷузҷон воқеъ дар шимоли Афғонистон дар канори мардон алайҳи Толибон меҷанганд."

Зарминаи 53-сола, ҳамсари як афсари пулиси Ҷузҷон, ҳоло гурӯҳи занони мусаллаҳро фармондеҳӣ мекунад. “Теъдоди пулиси маҳал басанда набуд, маҷбур шудем, дар канори мардони худ силоҳ ба даст бигирем. Вақте Толибон ба мо ҳамла карданд, ман худам арақчини худро болои девор гузоштам ва аз ҷойи дигар тир меандохтам”– гуфт, Зармина ба Радиои Озодӣ.

Ба қавли ин хонуми афғон, ӯ фақат 21 тир дошт ва зимни муқовимат ҳафт ҷангҷӯи Толибро кушт. Воҳиди ҷангии занона дар вилояти Ҷузҷони ҳаммарз бо Туркманистон асосан аз занони узбак ва қавми форсизабони аймоқ ташкил ёфтааст.

Раҳматулло Ҳашар, раиси ноҳияи Дарзоб мегӯяд, мақомоти ноҳия, қабиласорони минтақа ва мардуми рустоҳо бо баргузории як маросим, ҳимояти худро аз ин занони мусаллаҳ нишон дода ва барои ҷасораташон ба онҳо изҳори сипос кардаанд: “Мо аз инҳо занҳо истиқболи маънавӣ кардем, имконот набуд, ки онҳоро аз ҷиҳати молӣ ташвиқ кунем. “

Маҳаллае, ки занони афғон дар онҷо далерӣ нишон додаанд, 20 километр аз маркази ноҳияи Дарзоб дуртар аст. Теъдоди зиёди ин занон шоҳиди муқовимати шавҳаронашон ба нерӯҳои шӯравии собиқ будаанд ва аз он замон тирандозиро ёд доштаанд.

“Хонумҳои ноҳияи Дарзоб, хонумҳои мубориз ва шуҷоъ ҳастанд. Мо дар инҷо 51 хонум дорем, ки дар замони қушӯни шӯравӣ ҷангида буданд. Ноҳияи Дарзоб яке аз ноҳияҳои муқовимат ба зидди нерӯҳои шӯравӣ буд. Муҷоҳиддин ва сиёсатгузорҳо аз ноҳияи Дарзоб сар баланд кардаанд. Биноан хонумҳои онҳо тавоноии ҷанг, тавоноии сиёсат ва хонумҳои хеле шуҷоъ ҳастанд, аз ин хотир ҷангида метавонанд”- гуфт, Ҳалима Садаф, вакили маҷлиси вилояти Ҷузҷон ба Радиои Озодӣ.

Ҳоло мақомоти ноҳия аз ҳукумати Афғонистон мехоҳанд, ки гурӯҳи занони мусаллаҳро бо аслиҳа ва дигар таҷҳизот таъмин кунанд. Айни замон ба гуфтаи онҳо, ноҳия теъдоди кофии маъмурони пулисро надорад, ки амниятро таъмин кунанд, аз ин рӯ занон ҳам маҷбур мешаванд, барои муҳофизати рустову хонаву фарзандонашон аслиҳа ба даст бигиранд.

“Мо дар вилояти Ҷузҷон ба камбуди маъмурони пулис мувоҷеҳ ҳастем. Мо 1600 нафар пулис дорем ва ин барои таъмини амнияти вилоят кофӣ нест. Ҳоло вазъият тағйир кардааст ва тақозо мекунад, ки теъдоди маъмурони пулис зиёд карда шавад” – мегӯяд, Муҳаммадризо Ғафурӣ, сухангӯи волии Ҷузҷон.

Бо шиддат гирифтани ҳамлаҳои Толибон ба нерӯҳои амниятии Афғонистон дар саросари кишвар, амният дар ноҳияи Дарзоб дар моҳҳои ахир бадтар шудааст. Моҳи гузашта раиси ноҳия гуфт, ҷангҷӯёни шарики гурӯҳи ифротгарои "Давлати исломӣ", ки қаламравҳои васеи Ироқу Сурияро дар даст дорад, дар Дарзоб фаъол шуда ва чанд русторо ишғол кардаанд.

Абдулрашид Дустум, муовини раиси ҷумҳур, ки ҳоло амалиёт ба зидди Толибон дар шимоли Афғонистонро раҳбарӣ мекунад, гуфтааст, ки гурӯҳи "Давлати исломӣ" қасд дорад, 7 ҳазор ҷангҷӯи худро ба ин қисмати кишвар биёрад.

XS
SM
MD
LG