Пайвандҳои дастрасӣ

Манбаъ: "Ҳукумат ва Толибон дар Қатар гуфтугӯ карданд"


Дафтари Толибон дар Қатар. Акс аз бойгонӣ.

Дафтари Толибон дар Қатар. Акс аз бойгонӣ.

Як мақоми баландпоя дар ҳукумати Афғонистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ оғози гуфтугӯҳои миёни давлати Афғонистон ва гурӯҳи Толибонро таъйид кард ва гуфт, ки ин музокирот дар пойтахти Қатар сурат гирифтааст. Ин мақом, ки нахост аз ӯ ном бурда шавад, афзуд, ки ин гуфтугӯҳо дар миёнаҳои моҳи сентябр ва авоили соли ҷорӣ баргузор шудаанд.

Ҳамзамон бо ин, рӯзномаи бритониёии "The Guardian" рӯзи сешанбеи 18 октябр навишт, ки ҳайати ҳукумати Афғонистон дар Қатар бо намояндагони Толибон дидор кардаанд. Ин рӯзнома навиштааст, ки ин мулоқот ҳудуди ду ҳафта пеш сурат гирифтааст ва дар он Мулло Абдуманнон Охундзода, бародари раҳбари пешини гурӯҳи Толибон Мулло Умар, иштирок доштааст.

Маъсум Станакзай, сардори Раёсати амнияти миллии Афғонистон.

Маъсум Станакзай, сардори Раёсати амнияти миллии Афғонистон.

"The Guardian" аз қавли манбаъҳои худ дар гурӯҳи Толибон навиштааст, ки дар ин дидор, ки дар "фазои дӯстона" баргузор шудааст, ҷониби ҳукумати Афғонистонро Маъсум Станакзай, раҳбари Раёсати амнияти миллии он кишвар, раҳбарӣ намудааст.

Намояндагони гурӯҳи ҷудошуда аз Толибон бо раҳбарии Мулло Абдурасул низ музокироти ҳайати Толибон бо ҳукумати Афғонистонро таъйид кардаанд. Ба гуфтаи Мулло Абдуманнон Ниёзӣ, ки худро сухангӯи ин гурӯҳ медонад, шохаи Толибон бо раҳбарии Мулло Абдурасул дар ин музокирот иштирок надоштааст.

Як узви Шӯрои Кувейта (шохаи аслии Толибон) ба Guardian гуфтааст, ки масъалаи Афғонистон се тараф дорад --- Амрико, ҳукумати Афғонистон ва Толибон ва дар сурате, ки ин се тараф ба музокироти худ идома бидиҳанд, он натиҷаҳои мусбат дар пай хоҳад дошт. The Guardian навиштааст, ки дар дидори Қатар як дипломатӣ амрикоӣ ҳам иштирок доштааст.

Ин узви Шӯрои Кувейта гуфтааст, ки Мулло Абдуманнон Охунзода ба он хотир ба Қатар фиристода шудааст, ки ин гуфтугӯҳо муҳим буда ва иштироки ӯ далели ҳузури сиёсӣ ва низомии Толибон дар Афғонистон мебошад. Тибқи гузоришҳо, дар ин музокирот Покистон саҳм надоштааст.

Толибон дар Афғонистон.

Толибон дар Афғонистон.

The Guardian аз қавли манобеи ғарбӣ навиштааст, ки мақомоти амниятии Покистон ахиран шуморе аз раҳбарони Толибонро боздошт карданд ва бо ин роҳ мехоҳанд, ки гуфтугӯҳои сулҳ дар Афғонистонро дар ихтиёр дошта бошанд.

Як тан аз афроди наздик ба раиси ҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай ба Guardian гуфтааст, ки раҳбарони боздоштшудаи Толибон аз наздикони Мулло Ахтармуҳаммад Мансур, раҳбари пешини Толибон мебошанд ва Покистон гумон дорад, ки ӯ аз сӯи ин афрод кушта шудааст. Мулло Ахтар Муҳаммад чанд моҳ қабл дар ҳамлаи ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини Амрико дар иёлати Балуҷистони Покистон кушта шуда буд.

Рӯзномаи The Guardian ҳамчунин навиштааст, ки Мулло Яъқуб, писари Мулло Умар низ ба наздикӣ дар гуфтугӯҳои Қатар ширкат мекунад. Қатар се сол қабл иҷозат дод, ки Толибон дафтари сиёсии худро дар он кишвар ифтитоҳ кунанд. Аз он замон чанд дафъа миёни мақомоти афғон ва Толибон гуфтугӯҳое сурат гирифт, аммо натиҷаи чашмрасе дар пай надоштааст.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG