Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамлаи маргбори Толибон ба консулгарии Олмон дар Балх (ВИДЕО)


Мақомот дар Афғонистон мегӯянд, ки шумораи кушташудаҳои ҳамлаи интиҳорӣ дар наздикиҳои консулгарии Олмон дар шаҳри Мазори Шариф ба 7 тан расида ва теъдоди захмиҳо беш аз 125 нафарро ташкил медиҳад. Қаблан теъдоди кушташудаҳо дар ин ҳамла 4 нафар ва маҷруҳон беш аз 100 нафар эълон шуда буд.

Ба гуфтаи мақомоти афғон, панҷ тан аз кушташудаҳои ин ҳодиса бар асари таркиши мошини бамбгузоришуда ва ду ғайринизомии дигар аз тири муҳофизони консулгарии Олмон ҷон бохтаанд. Соатҳои тақрибан 23:00-шаби гузашта ба вақти маҳаллии Афғонистон, як мошини пур аз маводи тарканда дар баробари девори консулгарии Олмон дар шаҳри Мазори Шариф мунфаҷир шуд.

Вазорати умури хориҷии Олмон ба дунбол хабар дод, ки даргириҳои Толибон бо нерӯҳои амниятии Афғонистон ва НАТО дар атрофи консулгарии Олмон дар шаҳри Мазори то нимаҳои шаб идома доштааст. Вазорати умури хориҷии Олмон эълон кард, ки дар пайи таркиши интиҳории шаби панҷшанбе ва оғози ин ҳамлаи Толибон, нишасти изтирории бӯҳрон, баргузор кардааст.

Сухангӯи вазорати умури хориҷии Олмон рӯзи 11 ноябр гуфт, ки ҳамаи 20 кормандон консулгарӣ аз ин ҳамла ҷони солим бурданд ва ҳеҷ яке аз онҳо маҷруҳ нашудаанд ва берун оварда шуданд. Абдураззоқ Қодирӣ, фармондеҳи амнияти Балх ҳам субҳи ҷумъа дар маҳали ҳодиса ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ба дипломатҳои олмонӣ муқими Мазори Шариф ҳеҷ талафоти ҷонӣ нарасидааст.

Сухангӯи волии Балх ба Радиои Озодӣ гуфт, ки таркиши интиҳорӣ як сӯроихии калонро дар бинои консулгарии Олмон ба вуҷуд овард ва ҷангиёни гурӯҳи Толибон қасд доштанд тариқи он вориди ин намояндагии дипломатӣ шаванд, аммо ба муқовимати нерӯҳои афғон ва муҳофизони ин бино рӯбарӯ шуданд. Шоҳидони ҳодиса гуфтанд, ки шумораи зиёди маҷруҳон касоне мебошанд, ки дар манзилҳояшон хоб буданд ва таркиши даҳшатбор хонаҳои онҳоро ба ларза овард ва шишаҳои онҳоро фурӯ резонд.

Забеҳулло Муҷоҳид, ки худро сухангӯи гурӯҳи Толибон муаррифӣ мекунад, дар як паём ба расонаҳо масъулияти ин ҳамларо ба ӯҳда гирифтааст. Ин гурӯҳ гуфтааст, ки ин ҳамла барои интиқомгирӣ аз ҳамлаи ҳавоии НАТО дар шимоли Кундуз сурат гирифтааст, ки рӯзи 3 ноябр сабаби кушта шудани ғайринизомиён шуда буд.

Аммо дар Кобул раиси ҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай ин ҳамларо маҳкум намуда ва онро "ҷиноят алайҳи инсоният ва ҳама ҳама қонунҳои байналмилалӣ донист". Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроияи ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон ва Атомуҳаммади Нур, волии қудратматманди Балх дар паёмҳои ҷудогона, ин ҳамларо маҳкум карданд.

Консулгарии Олмон дар Мазори Шариф дар наздикиҳои Масҷиди Кабуд дар маркази ин шаҳр воқеъ мебошад. Консулгарии Ҳинд, ки дар авоили соли ҷорӣ мавриди ҳамла қарор гирифта буд, дар ҳамин минтақа ҷойгир аст. Дар ҳоли ҳозир Олмон дар Афғонистон беш аз 1000 сарбоз дорад, ки бештари онҳо дар вилояти Балх, мустақар мебошанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG