Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ба хотири ҷамъоварии пули ҷарроҳии ҷиддии Зайнаби 7-сола дар Душанбе як музоядаи ғайримаъмулӣ сурат гирифт. Дар ин маъракаи хайрия як тарроҳи ҷавон ба хотири кумак ба Зайнаб як пироҳани дӯхтаашро ба фурӯш гузошт.

Дар Тоҷикистон, ки то имрӯз танҳо молу амволи гаронарзиш ва махсусан шумораҳои «тиллоӣ» ва «нуқрагин»-и мошинҳо аз тариқи музояда ба фурӯш гузошта мешуд, фурӯхта шудани пироҳане тавассути ауксион бесобиқа аст.

Ин курта маҳсули дасти як тарроҳи ҷавони тоҷик бо номи Нафиса Имронова аст, ки ба хотири кӯмак ба Зайнаб, духтари 7-солае, ки аз дарди ирсии устухонҳо ранҷ мебарад ва ба ҷарроҳии ҷиддӣ ниёз дорад, дар як музояда ба фурӯш рафт.

Пироҳане, ки ба 600 сомонӣ дар музояда фурӯхта шуд.

Пироҳане, ки ба 600 сомонӣ дар музояда фурӯхта шуд.

Музоядаи мазкур дар доираи чорабиниии хайриявиие барои наҷоти Зайнаб ташкил шуд ва дар он беш аз 10 нафар барои ба даст овардани ин пироҳан рақобат карданд.

Нафиса Имронова мегӯяд, ҳадафи ӯ аз ин иқдом беш аз ҳама ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеа ба наҷоти Зайнаби хурдсол ва кӯмак ба ӯ буд. «Ин курта аз коллектсияи «Духтари шарқӣ» буд, ки бори аввал ман онро соли 2013 дар намоишгоҳи муди либоси баҳору тобистона дар меҳмонхонаи "Серена" намоиш дода будем. Ин курта бо шеваи аврупоӣ ва дар омезиш бо элементҳои миллӣ аз матои атласи мо ва шифон омода шудааст. Қисмати болоии курта аз матои шифон дар шакли «мурғи шабпар» ва қисми поёнии он аз матои атлас дӯхта шудааст».

Тарроҳи ҷавон Нафиса Имронова

Тарроҳи ҷавон Нафиса Имронова

Ба гуфтаи Нафиса, нархгузорӣ ба ин курта аз 100 сомонӣ оғоз ёфта, дар охир он ба 600 сомонӣ фурӯхта шуд. Ҷавоне ин пироҳанро барои ҳамсараш харидорӣ кардааст.

Нафиса мегӯяд: «Ин курта барои он ҷавон бисёр писанд омад. Ҷавон аслан худро муаррифӣ накард, номашро нагуфт, аксгирӣ ҳам намонд, фақат гуфт, ки муҳим барояш ин аст, ки маблағи курта барои наҷоти як нафаре сарф мешавад.»

Нафиса аз чорабинии бахшида ба кумак ба Зайнаб Маҳмудова аз тариқи Интернет огоҳ шудаву барои дастгирии ин духтарак, дар он ҳамчунин намоиши либосҳои хурдсолонро ҳам ташкил кардааст. Дар маҷмӯъ барои наҷоти Зайнаби хурдсол дар ин ва дигар маъракаҳое, ки аз сӯи ихтиёриёни тоҷик роҳандозӣ шудаанд, то имрӯз 35 ҳазор доллари амрикоӣ ҷамъоварӣ шудааст.

Ҳотам Маҳмудов, бобои Зайнаб

Ҳотам Маҳмудов, бобои Зайнаб

Аммо барои ҷарроҳии аслии Зайнаб, ки бояд дар Исроил анҷом шавад, беш аз 200 ҳазор доллар лозим будааст. Зайнаб чанд сол боз аз бемории ирсии устухонҳо ранҷ мекашад, вале танҳо 2 сол қабл табибон бемории ӯро муайян карданд ва ӯ ҳоло дар яке аз бемористонҳои шаҳри Маскав табобат мегирад.

Зайнаб ҳоло 7 сол дорад, аммо бемории мағзи устухонҳо, ки монеи рушди устухон мешудааст, ӯро ҷисман аз ҳамсолонаш хеле хурд нишон медиҳад ва ба фарқ аз дигарон дандон ҳам надорад. Ҳотам Маҳмудов, бобои Зайнаб мегӯяд, наберааш то имрӯз 4 маротиба ҷарроҳӣ шуда, устухони бинӣ, ҷоғи боло ва ҷоғи поёнаш ба сабаби шикастанашон гирифта шудааст.

«Бояд акнун охирин ҷарроҳиаш, ки ҷарроҳии аслӣ ва хеле гарон аст, анҷом шавад ва мағзи устухонӣ ӯ иваз карда шавад. Мо то вақте дастамон расид табобату ҷарроҳӣ кардем, ҳоло дигарон дар ин кор ба мо кӯмак мекунанд ва умедворем ин ҷарроҳии муҳимро мегузаронем.», гуфт бобои Зайнаб.

Суратҳисоби бонкии Зайнаб.

Суратҳисоби бонкии Зайнаб.

Воқеан, ба сарнавишти Зайнаб, корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам бетафовут нестанд. Ба хотири дастгирӣ ва наҷоти ӯ дар Фейсбук, Одноклассникӣ ва дигар саҳфаҳои иҷтимоӣ гурӯҳҳои махсусе таъсис ёфтааст, ки дар он ҳар замон аз вазъи саломатии ӯ хабар дода мешавад. Дар бораи Зайнаб ва бемории ӯ дар кӯчаву хиёбонҳои пойтахт ҳам, варақаҳои зиёде паҳн шудааст.

Парвиз Бобоев, як узви фаъоли гурӯҳи «Зайнаб» дар Фейсбук мегӯяд: «Ин гурӯҳро ихтиёриён аз Маскаву Амрико боз намудаанд, ин ихтиёриён ҳам шахсони одӣ ва касбу кори гуногнунанд, ки тасмим гирифтаанд ба мушкили ин хонавода бетараф набошанд. Аз ахборе, ки дар ин гурӯҳ нашр мешавад, маълум аст, ки ин духтарак зиёд ранҷ мекашад, аммо бо ин вуҷуд дар аксҳо дар лабаш табассум аст ва ба зиндагӣ умед дорем, ба хотири ҳамин табассум мо мехоҳем ба ӯ кумак кунем.»

Ҷарроҳие, ки қарор аст Зайнаб Маҳмудоваи 7-соларо наҷот диҳад, моҳи июл дар яке аз бемористонҳои Исроил, ҷараён мегирад ва барои ин ҳама чӣ омодааст, аммо маблағи зарурӣ ҷамъ нашудааст. Дӯстону муштариёни Радиои Озодӣ низ метавонанд, мисли Парвиз Бобоев ва Нафиса Имронова тарроҳи ҷавони тоҷик ва даҳҳо дигар афроди хайрхоҳ ба ин талоши наҷоти ҳаёти як кӯдак ҳамроҳ шаванд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG