Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳоли Мақсудҷон баъд чӣ шуд?


Номаи падари Мақсудҷони 18-сола, ки хонандагони торнамои “Озодӣ” талош доранд, ӯро аз марг наҷот диҳанд.

“Салому дуруд ба ҳамаи Шумо, азизон!

Аз дастгирии якояки Шумо писари бемори ман -- Мақсудҷон гӯё болу пар баровард ва дили ҳамаи мо, наздикони ӯ ба зиндагӣ гарм шуд, зеро ҳис кардем, ки мо танҳо нестем ва садҳову ҳазорон нафар одамони нек моро танҳо намегузоранд.

Ҳафтаҳост, ки телефони ман хомӯш намемонад. Садҳо нафар одамони ношинос бароям занг мезананд ва маро дилдорӣ мекунанд. Ин пуштибонии маънавӣ барои аҳли хонадони мо имрӯз ончунон муҳим аст, ки бовар кунед, дар ҳаёти сарам чунин ҷунбиши бузурги мардумиро надида ва ҳис накарда будам. Имруз аст, ки маънии ин байтро сарфаҳм рафтам:

Чу узве ба дард оварад рӯзгор
Дигар узвҳоро намонад қарор.


Хушбахтона, айни замон бо шарофати дастгириву таваҷҷӯҳи рузафзуни Шумо вазъи саломатии Мақсудчон мӯътадил асту мо паи дарёфти донор талош дорем. Бисёр ҳаяҷонбахш буд, ки ҳамон моҳи шарифи Рамазон, вақте номаи ман дар “Блогистони “Озодӣ” нашр шуд ва вақте ки ба Маркази илмии эҳё ва детоксикацияи шаҳри Душанбе омадем, пизишкони ин ҷо гуфтанд, пас аз хондани торнамои Радиои Озодӣ қарор кардаанд, ки ба ҳайси кӯмак аз мо барои амалиёти гемодеализ пул намегиранд.

Ҳоло ҳафтае ду бор ин одамони меҳрубон ба Мақсудҷон гемодеализ мегузаронанд. Самимона ташаккур мекунам аз пизишкон Табаров Хуршед Авзалович ва Исломов Мадиброн Наимович.

Аз тарафи хонандагони торнамои Радиои Озодӣ ба ҳисоби бонкии ҷарроҳии Мақсудҷон аз кишварҳои гуногун, аз гӯшаву канори дунё зиёда аз 4000 доллар ворид шуд ва барои ин ман, Мақсудҷон, модараш ва ҳамаи аҳли хонадони мо аз ҳар яки онҳое, ки садои моро шуниданд ва аз рӯи эҳсону ҳиммат ба мо ёрӣ медиҳанд, аз таҳи дил сипосгузорам.

Бовар дорам, он рӯз дур нест, ки дар заминаи анҷоми ҷарроҳӣ ва пайванди гурда саломатии фарзанди ман хуб мешавад ва ӯ худаш ба якояки Шумо ташаккур мегӯяд. Худо кунад, ҳамчун инсони нек ва фарзанди ватан ба камол расад ва то битавонад, то куҷое ки тавон дорад, некии имрӯзаи Шуморо ба дигарон расонад. Илоҳо, парвардигори бузург подоши некии ҳар яки Шуморо бароятон сад баробару ҳазор баробар баргардонад.
Бо эҳтиром,
падари Мақсудҷон."

Радиои Озодӣ. Ба дунболи ин нома мо бо Мирзохоҷа Тӯраев дар тамос шудем ва фаҳмидем, ки барои анҷоми ҷарроҳӣ ҳанӯз ҳам маблағ зарур аст.

Гуфтугӯ бо падари Мақсудҷон дар бораи аҳволи ӯ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:36 0:00

Ҳарчанд падари Мақсудҷон мегӯяд, бақияи сармояро “бо қарзу қавола” ҷамъ хоҳад овард, гумон намеравад, ки ин маблағи калон ба осонӣ дастраси ин хонадон шавад. Биноан, бори дигар расмулҳисоби бонкии Мақсудҷонро нашр мекунем ва аз хонандагони арҷманд мехоҳем, ба дараҷаи қудрат ва тавоноии худ ба ин ҷавон ёрӣ расонанд.

Падари Мақсуд – Тураев Мирзо
шаҳри Душанбе, кӯчаи Севастополская 8, ҳуҷраи 18

Телефон: 93 410 0872; 918 985030
Суратҳисоб дар Бонки Рушди Тоҷикистон

Бо доллари ИМА
Beneficiary: Turaev Mirzohodzha
Account: 20218840730014000000
Bank beneficiary: CJSC: “Bonki rushdi Tojikiston” Tajikistan, Dushanbe
SWIFT: BRTAT J22
Bank correspondent CB” Eurotrust” CJSC Moscow
SWIFT: CEURRUMM USD 30111840700000000389

Bank –Correspondent-correspondent:
Acc № 70-55.045.413/001 with Raiffeisen Zentralbank Oestrich AG
A-1030, Veinne, Austria SWIFT:
RZBAATWW via their acc № 10920871 with Citibank, N.Y., USA, SWIFT: CITIUS33

Бо сомонӣ
Тураев Мирзоходжа Бобоевич
Номер счет получателя № 20216972030008000000
ИНН 045373154
БИК 350101736
Номер корр. Счета 20402972617361
XS
SM
MD
LG