Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Онҳое ки мехоҳанд ба Тӯрахон Каримов кумак расонанд, метавонанд ёрии худро ба ҳисоби бонкии ин марди маълул гузаронанд.

Дар пайи нашри матлаби "Ку хайрхоҳе? Тӯрахон ба ҷарроҳӣ ниёз дорад" бисёре аз хонандагони Озодӣ барои кумак ба ин марди маълулу ниёзманд изҳори омодагӣ карданд ва аз Озодӣ хостанд, ки роҳи чигуна аз хориҷ расондани ёриҳои худ ба ин хонаводаро маълум кунад.

Барои онҳое ки мехоҳанд дар ин амри хайр - кумак ба ҷарроҳии Тӯрахон Каримов саҳм бигиранд, рақами суратҳисоби бонкиеро, ки ба номи ӯ дар "Агроинвестбонк" кушода шудааст, нашр мекунем:

Клиент: Каримов Турахон Достиевич
Исми бонк: Филиал ОАО "Агроинвестбонк" рн Шохмансур
Нишонӣ: Г.Душанбе, 734012, пр Рудаки 1а
Рақами суратҳисоб: 20216 972 5 9000000 0004
БИК: 350101403
ИНН: 010000868
Кор/счет: 20402972714031
Ҳадафи пардохт: Пополнение счета: номер договор N 20216972311510250241
Каримов Турахон Достиевич

Онҳое ки мехоҳанд ба ин марди ниёзманд ва аҳли хонаводаи ӯ кумак расонанд, метавонанд ба ин суратҳисоб пул интиқол диҳанд.

Ку хайрхоҳе? Тӯрахон ба ҷарроҳӣ ниёз дорад

​Тӯрахон Каримов, ки 7 сол пеш аз сутунмӯҳрааш зарб хурд ва пойҳояш аз кор мондаасту роҳ рафтан наметавонад, ба умеди шахсони хайрхоҳ ва саховатпеша ҳаст, то битавонад дар хориҷ аз кишвар таботат бигирад.

Тӯрахону ҳамсар ва писару духтараш, ки ҳамагӣ маълуланд, дар як соли пеш тавассути зани хайрхоҳе дар шаҳри Душанбе сарпаноҳи муваққатӣ ёфт. Ин зан сарватманд нест, рӯзгори оддӣ ва номуси мардӣ дорад. Як дӯзандаи оддӣ аст, бо заҳмати нӯги сӯзан зиндагии хонаводаашро пеш мебарад ва инак то пайдо кардани сарпаноҳ, муваққатан аз гӯшаи рӯзгораш, хонаводаи маълули Тӯрахон Каримовро зери боли раҳми худ гирифтааст.

Чун Умринисо Шомилова, сокини пойтахт Тӯрахон ва хонаводаашро дар кӯча пайдо кард ва ба хотири ризои Худо ва кӯмак ба ин хонавода манзили якҳуҷрагиашро ба онҳо дод ва ҳамакнун Тӯрахон ҳамроҳи хонаводааш дар манзили ин зан ба сар мебаранд. Ҳарчанд дар ин муддат Тӯрахон то ҷое дардашро фаромӯш кард ва ба истилоҳе "ба сад дар" нома навишт, то соҳиби сарпаноҳе, аққаллан хобгоҳе шавад, аммо касе доди ӯро нашунид. Тӯрахон нафақаи хеле кӯчак дорад, ки барои зиндагиаш нокофист ва ба онҳое, ки то кунун ба ӯ кумаке кардаанд, изҳори сипос мекунад.

Ин суратҳисоби бонкии Тӯрахон Каримов аст.


Радиои Озодӣ бори дигар ба суроғи ин хонавода рафт ва Тӯрахон ва хонаводаашро дар ҳоли вазнин дарёфт. Чун ба гуфти Тӯрахон рӯз аз рӯз аҳволаш бад мешавад ва пизишкон низ гуфтаанд, ки танҳо амалиёти ҷарроҳӣ дар хориҷи кишвар ва он ҳам дар Олмон ба дарди ӯ "дармон" хоҳанд бахшид.

Ба ин хотир Тӯрахон ва хонаводаи дардмандаш зимни муроҷиат аз тариқи сомонаи Радиои Озодӣ ва онҳое, ки саховатманду хайрхоҳ ҳастанд, дасти кӯмак металабад ва умедвор аст, ки бо ҳиммати мардони ҳимматбаланд ва сахӣ ҳатман муолиҷа ва шифо хоҳад ёфт.

Афроди хайрхоҳ метавонанд ба ин ҳисоби бонкии Тӯрахон Каримов, ки дар Бонки "Агроинвестбонк" кушода шудааст, кӯмаки худро расонанад:

Каримов Турахон Достиевич
"Агроинвестбонк", ноҳияи Шоҳмансур.
ш. Душанбе, 734012, химёбони Рудакӣ 1а
20216 972 5 9000000 0004
350101403
20402972714031
2021697231150250241


Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG