Пайвандҳои дастрасӣ

Сарвиноз бе ду даст ҳам дастёри модараш шудааст (ВИДЕО)


Радиои Озодӣ баъди 3 сол ба дидори Сарвиноз, духтаре рафт, ки дар баҳори соли 2011 аз нирӯи барқ ба таври фоҷиаомез аз ҳарду дасташ маҳрум шуд.

Баъди 3 соли фоҷиаи аз ду даст ҷудо шудани Сарвиноз Масобироваи ҳоло 11-сола зиндагӣ ба захми дили аҳли оилаи ӯ марҳам гузошта, ба оянда бо чашми умед менигаранд.

Дар як рӯзи боронии баҳори соли 2011, Сарвинози талабаи синфи якуми як
мактаби рақами 22 - и шаҳри Хуҷандро ҳисси кунҷковӣ дохили пойгоҳи
трансформатори назди мактаб бурд. Вай ба симе даст бурда, аз ҳар ду
дастони худ маҳрум гашт. Табибон дастони барқзадаи ӯро - якеро аз ориҷ болову якеро аз оринҷ буриданд.

Дидор ва суҳбати мо бо Сарвиноз баъди 3 сол дар манзили нави онҳо сурат гирифт. Ростӣ, ин навбат дидани чеҳраи шоди Сарвинозу модараш бароям хушоянд буд.

Сарвиноз, ки дар синфи русӣ таҳсил мекунад, дар суҳбат бо Озодӣ бо тоҷикиву русӣ нақл кард, ки иҷрои чӣ корҳоро дар 3 сол ёд гирифтааст: Ман оҳиста – оҳиста иҷрои бисёр корҳоро ёд гирифтам. Чунки аҳли оилаамон хеле ғамхорӣ мекунанд. Ҳоло китобро гирифта, худам кушодан ва варақ гардондан метавонам. Либосҳоямро худам мепӯшам ва хӯрок мехӯрам, дастархон мекушоям, бо чангкашак хонаро тоза мекунам.”

Акнун Сарвиноз бо ангуштони пойи росташ навиштанро машқ мекунад, вай дар варақ навишт: “Модарамро дӯст медорам.”

Вай шашкабозиро аз падараш ёд гирифта, соли гузашта дар мусобиқаи байни одамони маҳдудимконият ҷойи аввал ва имсол ҷоизаи дуюмро ба даст овардааст.

Оилаи Сарвиноз, иборат аз 5 нафар : падару модар ва се фарзанд пеш дар хонаи иҷора мезист. Сарвиноз фарзанди миёнаи хонадон аст ва имсол ба синфи 5 гузаштааст. Хонаи якҳуҷраро дар ошёнаи сеюми бинои панҷтабақа, дар маҳаллаи 18 - уми шаҳри Хуҷанд ба онҳо ширкати “Барқи тоҷик” ба ҳайси ҷуброн ҳадя кардааст.

Фароғат Масобирова, модари Сарвиноз гуфт, ки масъулони намояндагии ширкати “Барқи Тоҷик” дар вилояти Суғд ба ваъдаи худ, ки Сарвинозу аҳли оилаи ӯро бо фоҷиаи худ танҳо нахоҳанд гузошт, вафо кардаанд. Вай афзуд, орзуи ягонаи онҳо соҳиби дастони сунъӣ кардани духтари худ аст: Аз “Барқи тоҷик “ гуфтанд, ки ба қадри имкон ёрии худро дареғ нахоҳанд дошт. Дар оянда дар гузоштани дастони сунъӣ ҳам ёрӣ мерасонем, гуфтанд.”
Оилаи Сарвиноз мехоҳанд танҳо дар 20-солагии духтари худ ба вай дастони сунъӣ (протез) бигиранд. Чунки мегӯянд онҳо, агар ҳозир протез гузоранд, бо камоли сабзиши устухони вай онҳо бояд дар ҳар ду сол онҳоро нав кунанд, аммо барои ин пул надоранд.

Навтарин дастони сунъие, ки амри майнаи сари инсонро иҷро мекунад, ҳудуди 50 ҳазор доллар арзиш доштааст ва ширкати “Барқи тоҷик” барои ҷамъоварии маблағ дар бонк барои Сарвиноз суратҳисоб кушодааст. Зимнан, додситонӣ ду корманди идораи барқро ба бемасъулиятӣ дар иҷрои вазифаи касбӣ, ки дари трансформаторро қулф назадаанд ва ин ба барқ задани Сарвиноз сабаб шудааст, гунаҳкор дониста буд.

Равшан Норматов, аз кормандони масъули идораи шабакаи барқи Хуҷанд мегӯяд, онҳо аз рӯйи ваъдаи худ Сарвинозро танҳо нахоҳанд гузошт: Давлат барои Сарвиноз 130 сомонӣ нафақа таъин карда, нархи пардохтҳои хадамоти манзилро 50 дар сад кам кардааст. Пули барқи онҳоро ширкати мазкур аз ҳисоби худ пардохт мекунад.”

Албатта, намешавад дастои буридаи касеро ҷуброн кард. Аммо он чӣ аз қиссаи Сарвиноз бармеояд, ин духтараки тоҷикро бо мушкили сангинаш танҳо нагузоштаанд, умеди ӯрову аҳли оиалаашро ба зиндагии беҳтари оянда зинда медорад.

Падари Сарвиноз дар як корхона ба ҳайси посбон кор мекунад. Ба гуфтаи Сарвинозу модараш, он коргоҳ дар соҳили рӯди Сир ҷойгир аст ва боғе ҳам дорад ва ба аҳли оилаи онҳо иҷоза додаанд соатҳои фароғату истироҳати худро он ҷо гузаронанд. Вақте ки мо суҳбат мекардем, падару ду бародари Сарвиноз он ҷо буданд ва падараш ӯву модарашро ҳам назди худ даъват мекарданд.
Фароғат Масобирова, модари Сарвиноз мегӯяд, худро ба он меомузад, ки дар назди вай ҳеҷ гоҳ ашк нарезад, то ки дили духтарашро нашканад: “Ин хона ҳозир ба номи падараш, баъд ба номи худаш мегузаронем. Иншоаллоҳ, дар ҳамин хона арӯс мешавад ва зиндагӣ мекунад.”

Видеои Сарвинозро инҷо бубинед:

Ин видео дар саҳифаи Озодивидео дар Ютюб низ қобили тамошост:

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG