Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бародари "ҷиҳодӣ" сабаб шуд, ки як зани тоҷикро шавҳараш пас аз ду даҳсолаи зиндагӣ талоқ бидиҳад.

Ашурмоҳ Саидалиева, як сокини ноҳияи Бохтар ба Сурия рафтани бародар бо ҳамсару се фарзандашро аз шавҳари муҳоҷираш пинҳон дошта, бо мақомоти интизомӣ дар бораи бародараш сӯҳбат мекардааст. Маҳмадшариф Саидалиев, бародари 30-солаи ин зан ду соли пеш ҳамроҳ бо ҳамсару се фарзандаш ба Сурия рафта, охири соли гузашта он ҷо кушта шудааст.

Ашурмоҳ Саидалиева мегӯяд, вақте шавҳараш огоҳ шуд, ки Маҳмадшариф ба Сурия рафтааст ва ӯ ба пулис барои маълумот додан дар тамос аст, ӯро талоқ дод. Бародар ва ҳамсари ӯ аз Сурия бо ин зан тамос доштаанд, аммо мегуфтаанд, онҳо дар Туркия қарор доранд.

Хонум Саидалиев дар як тамоси телефонӣ рӯзи 21-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, бо шавҳараш дар шаҳри Ваҳдат 20 сол зиндагии муштарак доштанд ва як писари 17-сола ҳам доранд. Вале ин зан мегӯяд, шояд шавҳараш дар Русия ҳамсари рус пайдо кард ва бародар ва тамосҳои ӯ бо пулисро баҳона кард.

Маҳмадшариф Сайдалиев.

Маҳмадшариф Сайдалиев.

Ӯ гуфт: “Баҳонааш ин буд, ки додари ту Сурия рафтааст ва туро ҳар рӯз милисаҳо занг мезананд. Мегуфт, ки чаро аз аҳли хонаводаат фақат ту бо милисаҳову журналистон сӯҳбат мекунӣ. Гуфтам, охир модарам бемор аст ва касе нест, ки ба саволҳои онҳо ҷавоб бидиҳад. Бародари дигарам дар Русия буд, ба ин хотир ҳамчун намояндаи ин хонавода фақат маро мепурсиданд. Бори охир, хусурам маро дар телевизион дидааст ва ӯро занг задааст. Ӯ дар охир талоқамро дод.”

Ин зан ҳоло барои ҳамеша ба хонаи волидайнаш баргаштааст ва ҳамроҳ бо писараш модари пирашро нигоҳубин мекунад. Шавҳари собиқи ӯ Иброҳим Бобобекови 41-сола дар Русия аст ва он ҷо дар сохтмонҳо кор мекунад. Ӯ рӯзи 21-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, борҳо ҳамсарашро таъкид карда буд, ки бо додараш дар Сурия тамос нагирад, аммо ҳамсараш ба ҳарфаш гӯш надод. Ӯ гуфт, то дергоҳ ҳамсараш иқрор намешуд, ки додараш дар Сурия ҳаст ва инро аз ӯ пинҳон нигоҳ медошт. Ҳатто ба гуфтаи Иброҳим додари ҳамсараш наздик будааст, худи ӯро ба Сурия бубарад.

Ӯ гуфт: “Бо милисаву журналистон дар бораи додараш сӯҳбат мекард, вале аз ман инро паноҳ медошт. Додараш як бор маро занг зад, ки биё ба Туркия, ин ҷо кор аст. Туро ин ҷо ронанда мегирем. Қариб буд, ки розӣ шавам, аммо дилам гувоҳӣ дод, ки ӯ дурӯғ мегӯяд, ки дар Туркия ҳаст. Занг задам, ба занам гуфтам, ба фикрам додарат дар Сурия ҳаст. Гуфт, не, дар он ҷо нест ва аз ман пинҳон дошт. Баъдан фаҳмидам, ки ӯ дар Сурия ҳаст ва назди ҳама барои ӯ ҳамсари ман ҷавоб медиҳад. Гуфтам, ки маро фиреб кардӣ, аммо дигар худатро бо корҳои додарат қӯш накун. Ба ҷое, ки фикри зиндагии худатро кунӣ, ту пайи додару зани ӯ ҳастӣ. Чанд бор гуфтам, ки агар бо ҳамон додарат гап занӣ, дигар ба ман телефон накун. Лекин гапи маро нагирифт ва талоқашро додам. Як писар дорам, ҳатман кӯмакаш мекунам, лекин дигар бароям лозим нест. Ҳатто ба фикрам пеш аз сафарашон зани додарашро аз пулҳои фиристодаи ман пул дода буд.”

Модари Маҳмадшариф Сайдалиев.

Модари Маҳмадшариф Сайдалиев.

Ин мард мегӯяд, аз чунин хусурбача доштан шарм медошт ва намехост шавҳари хоҳари як ҷавоне бошад, ки барои хонаводааш дар Тоҷикистон мушкил эҷод кардааст.

Аммо Ашурмоҳ Саидалиева мегӯяд, додараш ҳеҷ гоҳ намегуфт, ки ӯ дар Сурия ҳаст. Ба гуфтаи ин зан, ӯ чизеро аз шавҳараш паноҳ накарда буд, балки додараш то чанд моҳи пеш аз марг мегуфт, ки ҳамроҳ бо ҳамсару хонаводааш дар Туркия кор мекунад. Аммо баъдан мақомот барои онҳо гуфтанд, ки Маҳмадшариф Саидалиев ҳамроҳ бо ҳамсару фарзандонаш дар Сурия ҳаст.

Маҳмадшариф Сайдалиев, сокини 30-солаи деҳаи Фермаи ҷамоати Меҳнатободи ноҳияи Бохтар дар Сурия аввалҳои моҳи декабри соли гузашта кушта шудааст. Ӯ ҳамсари ҳомилаашро бо се кӯдак ба Сурия бурда буд. Ба гуфтаи наздиконаш ҳоло ҳамсари ӯ пас аз марги шавҳараш дар Сурия фарзанди чорумашро таваллуд кардааст.

Маҳмадшариф аз ҷумлаи ҳазор ҷавони тоҷик аст, ки ба гуфтаи мақомот дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ ширкат доранд. Як манбаъ аз мақомоти интизомӣ гуфт, алайҳӣ ӯ бо моддаи 401, қисми як яъне “зархаридӣ” парвандаи ҷиноӣ боз шудааст ва ҳоло ин парванда қатъ нашудааст. Зеро ба гуфтаи ин мақом, ҳеҷ далели тасдиқшудае дар бораи марги ӯ онҳо рӯи даст надоранд, ҳарчанд, ба хонаводааш наздик ба як сол шудааст, ки хабари марги ӯ расидааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG