Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон мегӯяд, 90 дар сади занҳои тоҷике, ки ба Ироқу Сурия рафтаанд, ба амри шавҳарону бародарони худ "ғуломвор итоат" ва берун аз хоҳиши худ ба ин кишварҳо сафар кардаанд.

Ҳоло бар асоси итттилои расмӣ наздик ба 200 зани тоҷик дар Ироқу Сурия қарор дорад ва аллакай шавҳари аксари онҳо кушта шудаанд. Кумитаи кор бо занон пас аз сӯҳбат бо пайвандону наздикони ин занҳо дар як соли охир ба хулосае расидааст, ки мардҳо оддитарин ҳуқуқи инсонии ҳамсарони худро ба ҳангоми зиндагӣ дар хонаводаашон дар Тоҷикистон ҳам риоя намекарданд.

Маҳбуба Азимова, як масъули Кумитаи кор бо занон, рӯзи 9 август ба Озодӣ гуфт, бинобар итоаткории ғуломона ин занҳо ҳуқуқи гирифтани оддитарин тасмимро ба таври мустақил надоштаанд. Ӯ гуфт, “як шумораи кам бо фиреби дигарон ва зери таблиғоти дурӯғини онҳо (ба Сурияву Ироқ) рафтаанд. Аммо дигар занҳо ба хоҳиши бародарону шавҳарони худ муқобилият карда натавониста ба ин роҳ рафтаанд. Ҳоло пас аз марги шавҳар сахттарин рӯзҳоро пушти сар мекунанд. Онҳо мехоҳанд, ки барояшон барои берун шудан аз минтақаҳои ҷангзада ёрӣ расонда шавад, вале ҳоло вазъияти онҳоро тағйир додан бисёр мушкил аст.”

Ҳисоб шудааст, ки дар бештари ҳолатҳо занон аз вилояти Суғд ва Хатлон ба Ироқу Сурия сафар кардаанд. Ба унвони мисол, дар миёни 73 хонаводе, ки аз вилояти Суғд ба ин кишварҳо сафар кардаанд, 80 зан ва 32 духтари ҷавон будаанд. Аз 43 хонавода, ки аз вилояти Хатлон ба минтақаҳои таҳти назорати гуруҳи тундрави «Давлати исломӣ» рафтаанд, 47 зан ва аз ин ҳисоб 23 танро духтарони ҷавон ташкил медиҳанд.

Ҷамолбӣ Сафарова, модари яке аз занони ҷавон, ки ду сол пеш ҳамроҳ бо шавҳараш ба Сурия рафтааст, бо хулосаҳои мақомоти Кумитаи занон розӣ аст. Вай гуфт, духтари 28-солааш ба ҳангоми зиндагӣ дар хонаи шавҳар дар ноҳияи Фархор ҳамеша зери зулми ҳамсар қарор дошт. Ӯ гуфт, ҳатто пеш аз сафар шавҳараш нагузошт, ки духтараш бо ӯ худоҳофизӣ кунад ва танҳо пас аз як моҳ аз Сурия занг зад. Нӯҳ моҳ пеш домоди ин зан дар Сурия кушта шуд ва ҳоло ин ҷавонзан ҳамроҳ бо ду фарзандаш дар шароити сангин қарор дорад.

Ҷамолбӣ Сафарова мегӯяд, «то сарҳади Сурия ба ӯ гуфтааст, ки мо ба Туркия коркунӣ меравем ва шарт нест, ки ба ҳама овоза кунӣ. Вақте духтарам мефаҳмад, ки ба Сурия рафтааст ва эътироз мекунад, ӯро зери мушту лагад мегирад. Ҳоло дар як моҳ ду ё як бор занг мезанад ва мегиряд. Лекин дигар чорае барои баргаштан надорад.”

Дар ҳоле ки духтар дар Сурия дармондааст, модар аз Тоҷикистон истода талош мекунад, ки бо кумаки мақомоти кишвар барои бозгардондани ҷигарбандонаш талош кунад.

Модари дигар - Ашӯрмоҳ Саидалиева, ки сокини ноҳияи Бохтар аст, гуфт, бародараш Маҳмадшариф бо зану се фарзандаш соле пеш ба Сурия рафт. Дар ҳолати ин хонавода, мегӯяд Саидалиева, ҳамсари бародараш пофишорӣ кардааст, ки ӯро ҳамроҳ бибарад.Ӯ гуфт: “Зани додарам гуфтааст, ки маро ҳамроҳат бар. Ӯ дар бораи Туркияву Сурия чизе намедонист ва фикр мекард, ки ҷои хуб меравад. Онҳо ба Туркия рафта баъдан ба Сурия гузаштаанд. Додарам то занашро бурдан дар Туркия кор мекард.”

Бародари ин зан низ дар Сурия кушта шудааст ва сарнавишти зану се кӯдаки ноболиғаш номаълум аст.

Марям Давлатова

Марям Давлатова

Марям Давлатова, як ҷомеашиноси тоҷик мегӯяд, масъала ин аст, ки дар аксар хонаводаҳои тоҷик духтарон дар рӯҳияи вобастагӣ аз бузургону мардони хона тарбия мешаванд ва малакаи зиндагии мустақилонаро надоранд.

Ба қавли ӯ, “занҳои мо дар муҳити фармонбардории кӯркӯрона тарбия мешаванд. Ҳамеша талқин мешавад, ки духтари хонавода, зани хонавода набояд тасмим бигирад ва ё касеро маслиҳате бидиҳад. Ин ҷо ду чиз аст. Яке - муросо карда тавонистан ба рӯзгор ва ва дигаре - надоштани нуқтаи назари худ. Итоаткории кӯркӯронаи зан ҳаргиз маънои муросову мадороро надорад. Дар хонавода ба ӯ имкони баёни нуқтаи назари мустақилро надоданд. Аз ин рӯ, ҳамеша аз имкони интихоб кардан маҳрум аст. Рафтану нарафтанро ӯ мушаххас намекунад. Дар ин ҳолат шавҳар ҳар ҷое хоҳад ӯро мебарад ва ҳатто барояш намегӯяд, ки куҷо мебарад. Зан ҳам ҳақи пурсидан надорад.”

Бар асоси итттилои Кумитаи кор бо занон, аксари занҳое, ки ҳамроҳ бо шавҳарону бародарони худ ба Сурия ва Ироқ рафтаанд, маълумоти олӣ надоранд.

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба минтақаҳои таҳти назорати гурӯҳи худхондаи “Давлати исломӣ” рафтаанд ва ҳар нафари панҷуми онҳо занон мебошанд. Ҳоло, ба гуфтаи пайвандони ин занҳо, шавҳарони аксари онҳо дар ҷангҳо ҳалок шудаанд ва ояндаи худу кӯдаконашон норӯшан аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG