Пайвандҳои дастрасӣ

Ватанов "қарзи падариаш"-ро иҷро кард. ВИДЕО


Амриддин Ватанов пас аз ду моҳи ҷустуҷӯ писарашро дар Туркия ёфта ва ба Тоҷикистон баргардонда буд

Амриддин Ватанов пас аз ду моҳи ҷустуҷӯ писарашро дар Туркия ёфта ва ба Тоҷикистон баргардонда буд

Фурқат Ватанов, ҷавони 23-сола, ки ӯро аввали моҳи июн падараш аз роҳи сафари Сурия аз шаҳри Истанбули Туркия баргардонд, бар асоси эзоҳи банди 401-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод гардид. Ин банд аслан ҷавобгарии ҷиноӣ барои "ҷалб ва иштироки ғайриқонунии шаҳрвандон дар задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангии қаламрави дигар давлатҳо"-ро дар назар дорад, аммо бар асоси эзоҳе, ки соли 2015 ба ин банди қонун ворид шуд, афроде, ки бо эҳсоси пушаймонӣ аз роҳи ба истилоҳ "ҷиҳод" баргаштаанд, аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод мешаванд.

Амриддин Ватанов, падари Фурқат Ватанов, рӯзи 3 август ба Озодӣ гуфт, писараш дар давоми ду моҳи охири баъди боздошт як инсони дигар шудааст. Назарҳои ӯ дар мавриди ҷанги Сурия тағйир хӯрдааст ва ҳоло баръакси пеш аз боздошт, ин ҷангро дурӯғин ва “фитна” унвон мекунад. Ватанов дар сӯҳбатҳои қаблӣ мегуфт, беҳтар аст, писараш зиндонӣ шавад, аз он ки дар майдонҳои ҷанг кушта гардад.

Ӯ гуфт, "писарам аз амалҳои пештарааш шарм медорад. Ҳоло меҳрубон шудааст ва фақат модарҷону падарҷон гуфта гап мезанад. Аз он рафтору андешаҳои пештарааш, ки гурӯҳеро кофир мехонду гурӯҳеро муртад, чизе боқӣ намондааст. Акнун мехоҳем барои писарам арӯс пайдо кунем, то зан гирад ва ҳушаш ба зиндагиаш шавад."

Видеои суҳбат бо Амридин Ватанов аз бойгонии Озодӣ:

Фурқат Ватанов, писари Амриддин Ватанов, ки тоза аз боздоштгоҳ озод шудааст, шеваи ҷалб шуданаш ба сафи гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” ва ризоияташ барои ширкат дар ҷангҳои Сурияро ба мо шарҳ дод. Фурқат Ватанов, ки рӯзи 3 август бо Озодӣ сӯҳбат мекард, гуфт, истифодаи нодуруст аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва ошноӣ бо ҷонибдорони гурӯҳи “Давлати исломӣ” ӯро ба сафари Сурия ташвиқ кард.

"Дар Новосибрск кор мекардам. Хостам, барои зиқ нашудан аз Интернет истифода кунам. Диққати маро наворҳои видеоии гиряву нолаи занону кӯдакон аз Сурия ба худ ҷалб кард. Боре як наворро дидам, ки як зан гириста мегуфт, ки ҳамаи мусалмонҳоро дар Сурияву Ироқ мекушанд ва шумо мусалмонҳои дигар парво надоред. Ба канали “Зелло” даромадам, ки он ҷо 24 соат дар ҳамин бора гап ҳаст. Дар тамос шудам ва онҳо маро даъват карданд, ки биё. Рафтам ба Туркия ва фикр мекардам, ки дар роҳи ҳақ ба Сурия меравам," - нақл кард Фурқат Ватанов.

Аммо ин ҷавон мегӯяд, ки тӯли ду ҳафтаи будубош дар Туркия ва ҳамзистӣ бо раҳбаладонаш дар дилаш шубҳа пайдо шуд, аммо роҳи бозгашт надошт. Мукотиба ва сӯҳбатҳои телефонии ӯ зери назари гумоштаҳои гурӯҳи тандрави “Давлати исломӣ” ҷараён гирифта, онҳо намегузоштанд, то ҳарфи берун аз хоҳиши онҳо зада шавад.

Аз сӯи дигар, Фурқат Ватанов мегӯяд, ӯро тарс медоданд, ки дар сурати бозгашт ба Тоҷикистон 20 сол зиндонӣ хоҳад шуд. “Барои ҳамин гуфтам, тавакал ба Худо меравам ба Сурия, дигар роҳи бозгашт нест. Вақте падарам маро ба воситаи пулиси Туркия боздошт карда ба ватан овард, дар назарам ҳама тамом шуд ва умрам дар зиндон мегузарад,» ба ёд овард ӯ ва афзуд, «аммо ҳоло меҳрам ба ҳамин ватану давлат зиёд шуд, ки маро бахшиданд. Ду моҳи зиндон бароям як мактаб буд. Хатое, ки ман кардам, бояд касе накунад. Биҳиштро дар ҳамин хизмати падару модар пайдо кардан мумкин аст. Ҳоло фаҳмидам, ки дар Сурия тамоман гапи дигар аст ва ба Ислому мусалмонӣ дахле надорад.”

Як масъули Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, дар қазияи Фурқат Ватанов эзоҳи моддаи 401-и Кодекси ҷиноӣ татбиқ шудааст. Зеро, ба гуфтаи ӯ, дар баргардондани ин ҷавон падараш ҳам саҳм дошт ва худи ӯ низ иштибоҳашро дарк карда, сидқан пушаймон шудааст.

Амриддин Ватанов, сокини шаҳри Душанбе, писарашро, ки озими Сурия буд, аввали моҳи июн, баъди ду моҳи ҷустуҷӯ дар Туркия пайдо кард ва ба Тоҷикистон баргардонд. Дар боздошт ва бозгардондани ин ҷавон пулиси Туркия ва кормандони сафоратхонаи Тоҷикистон дар ин кишвар ёрӣ кардаанд.

Тибқи иттилои расмӣ беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон барои ширкат дар ҷанг ба Сурия ва Ироқ рафтаанд. Наздик ба 100 нафар аз Ироқу Сурия ва ё аз роҳи сафар ба ин кишварҳо ба ватан баргашта, беш аз 50 нафари онҳо бинобар пушаймонӣ аз кирдор аз ҷавобгарӣ озод шудаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG