Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мардикорон аз Қазоқистон рӯ ба Русия меоранд


Ба гуфтаи муҳоҷирони тоҷики муқими Қазоқистон, имсол ба ин кишвар аз Тоҷикистон муҳоҷирон назар ба соли гузашта камтар меоянд.

Зеро, тавре Нарзулло Ҷомиев, узви шӯрои Маркази фарҳангии тоҷикони Алмаато, мегӯяд, алъон шароити кор дар ин ҷо назар ба солҳои пеш мушкилтар шудааст. Чун бӯҳрони иқтисодӣ ба ин кишвар низ таъсир гузошта ва ба иллати қатъ кардани ипотека бисёр сохтмонҳо нотакмил мондаанду аз ҳама асосиаш мардум низ чандон пул надоранд, муҳоҷирони тоҷик бештар рӯ ба Русия меоранд.

Нарзулло Ҷомиев мегуяд, «ҳоло дар Қазоқистон даромаде ба даст овардан мушкил, барои ҳамин мардикорон ба Русия мераванд. Ба наздикӣ якчанд нафар аз Тоҷикистон омада буданд, боз Русия рафтанд. Як бор дувоздаҳ кас, бори дигар панҷ кас омаданд, ҳама билет гирифта рафтанд Русия. Ҳама гуфта истодаанд, ки дар Русия нисбат ба ин ҷо хеле нағз, чунки дар он ҷойҳо ақаллан кор меёбӣ…»

Ин нуктаро Анвар ном бозаргони тоҷик, ки дар бозори «Барахолка»-и Алмаато фаъолият дорад, низ таъйид намуд ва афзуд, ки муҳоҷирати Русияро ба ҷузъ шаврвандони дар Тоҷикистон буда он тоҷиконе, ки дар бозорҳои Алмаато кор мекунанд, низ ихтиёр кардаанд. Вай гуфт, «бисёр касҳо молашонро ҷамъ карда Русия рафта истодаанд. Ин ҷо зиндагӣ ва ҳам савдо душвортар шуда истодааст. Баъзеҳо контейнери борашона тақсим карда Русия мераванд. Ин ҷо хайр душвор аст, иҷозат барои савдо надода истодаанд. Иҷозат фақат барои сохтмону кишоварзӣ ва он ҳам гоҳ ҳасту гоҳе нест. Дигар шароит нест. Аз бозор ҳам ва нафароне, ки таксиронӣ мекарданд, онҳо ҳам баромада рафтанд».

Алъон дар бозори «Барахолка» бо чандин бозаргони тоҷик, ки азми ҷазм ба Русия доранд, метавон дучор омад. Иззатулло ном бозаргони қумсангирӣ яке аз онҳост. Ӯ соли гузашта баъди даҳ соли кор дар Русия ба Қазоқистон омада буд. Иззатулло мегӯяд, ки соли гузашта ӯро дӯстон ва ҳамдиёронаш ташвиқ карданд, ки ба Қазоқистон биёяд. Зеро, ба гуфтаи онҳо, дар ин ҷо назар ба Русия шароити кор беҳтар аст ва метавон музди бештаре ба даст овард. Вале вай як сол кор карду беҳбудие надид ва алъон аз карда пушаймон борҷомаи муҳоҷириашро ҷамъ карда, боз ба Русия ба шаҳри, ба гуфтааш, худӣ Новотроиски вилояти Оренбург баргаштанист ва тавре Иззатулло мегӯяд, ӯро дар ин сафар бисёр муҳоҷирони тоҷики муқими Қазоқистон ҳамроҳӣ хоҳанд кард.

Дар ҳамин ҳол Саидҷалол Бурҳонов, ки бо кори сохтмон машғул аст, итминон дорад, ҳарчанд алъон аз Тоҷикистон мусофирон кам меоянд, вале шурӯъ аз моҳи май вазъ дигар хоҳад шуд ва муҳоҷирони тоҷике, ки дар сохтмон кор карданианд, баробари гарм шудани ҳаво ва оғози корҳои сохтмонӣ ба Қазоқистон хоҳанд омад.

Вале Саидҷалол низ чун дигар муҳоҷирон бовар дорад, ки шумораи муҳоҷирон дар сохтмон чун соли гузашта нахоҳад шуд. Зеро дар ин ҷо сохтмони иншоотҳои давлатӣ кам шудааст ва аз сӯи дигар ба ин сохтмонҳо тоҷиконро басо кам мепазиранд. Шароити кор дар сохтмонҳои инфиродӣ низ душвор гардидааст ва ҳолатҳои бо фиребу найранг кор фармуда ҳаққи хидмат надодани корфармоён низ дар Қазоқистон ба мушоҳида мерасад. Дар Русия, ба гуфтаи Саидҷалол, чунин фиребдиҳӣ кам иттифоқ меафтад ва дар он ҷо ҳаққи кор низ болост. Шароити кор дар бозорҳои Қазоқистон боз ҳам мушкилтар ва бозаргонҳо муфлис шуда истодаанд.

Аз ин хотир, ба таъйиди ҳамсӯҳбатони мо шумораи муҳоҷирони тоҷик дар Қазоқистон коҳиш хоҳад ёфт ва онҳо барои дарёфти ризқу рӯзӣ рӯ ба Русия хоҳанд овард. Онҳо дар ин маврид ҳатто аз хатари фашистони навбаромад андеша надоранд ва мегӯянд, ки сартарошидаҳо ғолибан дар маркази Русия фаъолият мекунанд. Онҳо бошанд ба қисматҳои канораи Русия, ба он ҷойҳое, ки хатари сартарошидаҳо камтар аст, муҳоҷират хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG