Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикон дар Калинингради Русия


Калининград, яке аз вилоятҳои Русия, дар каронаи баҳри Болтик дар миёни Литваву Лаҳистон ҷой гирифтааст.

Агар касе аз шаҳрвандони Тоҷикистон бихоҳад ба онҷо биравад, бояд аз қаламрави Русия ва Беларус бигзарад. Бо назардошти душвориҳои роҳ шояд мардуми Тоҷикистон фикр кунанд, ки дар вилоят ё шаҳри Калининград ҳамватанони онҳо камтаранд. Вале дар як гуфтугӯ бо Солеҳа Исоева, раҳбари ҷамъияти тоҷикони ин шаҳр, равшан гардид, ки шумораи тоҷикон дар инҷо кам набудааст.
Солеҳа Исоева
Солиҳа дар посух ба суоли мо гуфт, ки 15 соли пеш аз Тоҷикистон бо хонаводааш ба инҷо кӯч баста буд ва ҳамакнун 10 сол мешавад Тоҷикистонро надидааст. Ӯ, аз ҷумла, гуфт: «Тоҷикон ҳастанд. Асосан дар ҳамин ду соли ахир ҷиҳати пул кор кардан барои корҳои мавсимӣ меоянд».
Суҳбати мо ба тартиби зайл идома кард.
– Дар баъзе шаҳрҳои Русия муҳоҷирони корӣ пули камтар мегиранд ва дар баъзе ҷойҳо бештар. Чун Калининград ба кишварҳои аврупоӣ наздиктар аст, шояд муҳоҷирони корӣ пули бештар гиранд?
– Не, чунин нест.
– Чаро?
– Мисол, агар Маскавро дар назар доред, дар Маскав зиёдтар мегиранд. Ба он вобаста аст, ки кӣ даъват мекунад.
– Онҳо ғайриқонунӣ кор мекунанд, ки пули камтар мегиранд?
– Бештарашон ғайриқонунӣ кор мекунанд. Лекин аввали ҳамин сол қонун баромад, ки онҳо наметавонанд ғайриқонунӣ кор кунанд. Агар онҳо ғайриқонунӣ ба инҷо оянд, аз инҷо баромада наметавонанд.
– Чун Калиниград як шаҳри дурафтодаи Русия аст ва роҳ барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки барои кор ба инҷо меоянд, харҷи зиёд дорад. Фоида чист? Чаро онҳо ба Калиниград меоянд?
– Ононе ба инҷо меоянд, ки пешакӣ медонанд, ки ҷои кор доранд. Ба минтақаҳои дигари Русия бо ҳавопаймо меоӣ, баъд ҷои кор ҷустуҷӯ мекунӣ. Ба инҷо танҳо бо даъват меоянд.
– Дар шаҳрҳои дигар, масалан дар Маскав, ононе, ки қарордоди корӣ ё сабти иқомат надоранд, аз тарафи пулис азият мешаванд. Дар Калиниград чи хел?
– Дар ҳама шаҳрҳо шахсони тамаъҷӯ ёфт мешаванд, ки аз тоҷикони мо истифода мекунанд. Онҳоро ҳамчун ғуломон истифода мекунанд. Одамоне ҳастанд, ки на танҳо аз ҳисоби шаҳрвандони Тоҷикистони мо пул ба даст меоранд, балки аз ҳисоби шаҳрвандони кишварҳои шӯравии собиқ низ аз Молдова, аз Укроин пул кор мекунанд. Чунин одамон мехоҳанд миёнаравӣ кунанд ва пул ба даст оранд. ҳатто охирин пулҳои муҳоҷиронро аз они худ мекунанд.
– Ба назари шумо, чӣ кор бояд кард, ки адолат барқарор шавад ва онҳо ҳадди ақалл пули кори худро бигиранд, охир, ба ҳар ҳол, онҳо аз роҳи дур омадаанд?
– Ман фикр мекунам, ки дар ин кор бояд ҳама чиз маълум бошад, махсусан корхонаҳое, ки онҳоро даъват мекунанд. Масалан, Иттиҳоди nоҷикистониёни Русия, ки ба наздикӣ дар Маскав ташкил шуд, аз ҷумла бояд зидди фиребгарон, одамоне, ки шаҳрвандони моро фиреб медиҳанд, кор кунад ва онҳоро ошкор созад.
– Оё мешавад, ки аз номи ҳамин иттиҳодия шумо бо намояндагони ҳукумати маҳаллӣ бештар кор кунед ва ин мушкилотеро, ки худато ном бурдед, ҳал кунед, то чунин одамон ё корхонаҳо, ки дар ҳаққи шаҳрвандони Тоҷикистон беадолатӣ мекунанд, донанд, ки созмоне барои ҳимояти ин мардикорон вуҷуд дорад ва дар паси онҳо ҳаст?
– Медонед, аз рӯзе, ки анҷумани ин иттиҳодия дар Маскав гузашт, дар инҷо одамоне, ки бо роҳи нодуруст бачаҳои моро даъват карданд, ҳуҷҷатҳояшонро, пулашонро гирифтанд, онҳо фаҳмиданд, ки мо ҳастем. Ва мо ҳатман онҳоро контрол мекунем. Саранҷом матбуъот ҳаст, ки мо метавонем ба он муроҷиъат кунем.
– Оё тоҷиконе, ки дар Калиниград ҳастанд, ҳар сол меоянду мераванд ё муддатҳои тулонӣ дар инҷо зиндагӣ мекунанд?
– Ман аз ҷумлаи одамоне ҳастам, ки 15 сол пеш омадам. Ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон тоза шурӯъ шуда буд ва ман ҳамон моҳи октябри соли 1992 ба инҷо омадам.
– Ононе, ки бо шумо омаданд, бисёр буданд?
– Одамоне, ки якум омаданд, солҳои 1991-92 буд. Бисёр буданд. На фақат тоҷикон, тоҷикистониён аз дигар миллиятҳо ҳам буданд.
– Ононе, ки солҳои ҷанг ба инҷо омадаанд ва ононе, ки имсолҳо меоянд, аз ҳам чи фарқ доранд?
– танҳо дар бораи худам гап мезанам... Ман бе розигии дили худам омадам. Ман ҳеҷ вақт фикр намекардам, ки аз Тоҷикистон дур мешавам.
– Чаро омадед шумо?
– Аз ҷанг. Аз тарсу хатар...
– Вале онҳое, ки имсолҳо меоянд, чи?
– Ононе, ки ҳоло меоянд, барои зиндагиашон, барои гузаронидани рӯзгори хонаводаашон ва ояндаи зиндагиашон меоянд.
– Оё метавонем бигӯем, ки дар Калиниград низ ҷамъияти тоҷикон ба вуҷуд омадааст?
– Бале.
– Ва онҳо дар инҷо бо хонаводаҳояшон зиндагӣ мекунанд?
– Онҳое, ки солҳои навадум омада буданд, бо оилаҳошон ҳастанд. Онҳо дар инҷо ҳатто наберадор шудаанд.
– Меҳру муҳаббат ба Ватани аслӣ чи хел аст?
– Хеле зиёд.
– Медонед, дар матбуъоти Русия гаҳ гоҳе муҳоҷирони кории тоҷикро танқид мекунанд. Оё дар Калиниград ҳам ҳамин чизҳо ҳаст?
– Не, дар матбуъот тамоман нест. Инҷо одамони сиёҳу сафед зиёданд. Медонед, ба Калининград чи қадар одамони дипломдор омадаанд? Ман фикр мекунам, ки Тоҷикистон ҷои тарбияи кадрҳо будааст. Ба инҷо одамоне омадаанд, ки таҳсилоти олӣ ва ҳадди ақалл як дипломи маълумоти олӣ доранд. Дар ҳар соҳа ҳастанд: дар сохтмон, дар тиб, дар донишгоҳҳо, мактабҳо, мактабҳои мусиқӣ... Бори аввал мо онҳоро дар соли 1999 дар Наврӯз ҷамъ кардем, барои рӯҳбаланд кардани онҳо.
– Шумо Наврӯз гуфтед ва як нукта ба ёди ман омад. Мо дар остонаи Соли нави милодӣ ҳастем. Шумо, ки даҳ сол дар Тоҷикистон набудед, аз радиои мо ба ҳамватанонатон дар Тоҷикистон барои Соли нав чи гуфтаниед?
– (Оҳи тулонӣ мекашад...) Ҳамватанони азиз..., Тоҷикистон ягона аст... Дӯст доред Ватани худро... ҳар зарраи хоки ватанро нигаҳбонӣ кунед. Ҳар дарахти онро нигаҳбонӣ кунед. Мо дар инҷо ... (Ин ҷо гиря гулӯгираш мекунад)
– Бале...
– Ҳаракат мекунем, ки обрӯи Тоҷикистонро нарезем... Фарзандони мо забони тоҷикиро медонанд... Дӯстони мо дар инҷо кӯшиш мекунанд, ки рӯи Тоҷикистон дар инҷо ҳамеша сафед бошад... Ва асоситарин чиз: Дар Тоҷикистон осудагӣ бошад. Ба ҳамаи оилаҳо дустӣ, саломатӣ мехоҳам. Пули зиёд бошад, ки ягонтои шумо аз оила ҷудо нашавед ва ба Русия барои пул кор кардан наоед. Агар хоҳед, ба Фаронса, Амрико ё ҳар ҷои дигар кӯчида равед, вале Ватан ягона аст. Ба Прага ҳам аз Калиниград – салом... Ба ҳамаатон саломатӣ ва осудагӣ орзу дорам.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG