Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ағлаби муҳоҷирон таъйид мекунанд, ки муҳоҷират, албатта, душвориҳо дорад, вале сангинтарин бахши он, ба гуфтаи онон, оғози он, яъне роҳи то ба коргоҳи ояндаи хеш расидан аст.

Ин нуктаро ҳар касе имрӯзҳо бо роҳи Узбакистон ба Қазоқистону Русия сафар мекунад, бори дигар, ба истилоҳ, ба чашми сар мебинад. Зеро алъон минтақаи посгоҳи гумрукии «Жибек жули» дар Қазоқистон ва ё Хишткӯпрук ва ё Черняевкаи Узбакистон, ба истилоҳ, орухонаеро мемонад. Аз ду тарафи гумрук мардум чун мӯру малах ину он сӯ равонанд. Албатта, алъон шумораи онҳое, ки аз тариқи посгоҳи Ӯзбакистон вориди Қазоқистон мегарданд, назар ба онҳое, ки аз Қазоқистон ба Узбакистон мераванд, ба маротиб зиёд аст. Зеро алъон ба истилоҳ мавсим ё айёми сафари мардикорон ба Қазоқистону Русия ба авҷи аълои худ расида. Аз ин хотир аз Ӯзбакистон вориди Қазоқистон гардидан барои муҳоҷирон чандон осон нест. Зеро онҳо аввал ҳам аз назорати гумрукӣ ва ҳам назорати марзии Ӯзбакистон бояд бигзаранд ва чунин тафтишро дар марзу гумруки Қазоқистон низ бояд пиёда кунанд.

Ба гуфтаи муҳоҷире аз шаҳри Бекободи Узбакистон, мушкил дар он аст, ки одам дар гумрук назар ба соли гузашта басо зиёд аст ва ҳар рӯз тақрибан 3-4 ҳазор муҳоҷир аз марзи Узбакистон ба Қазоқистон ворид мешаванд. Вале мушкили аз он ҳам бештар барои муҳоҷирон ё мардикорони оянда дар Қазоқистон ва ё дар шаҳраки Черняевка оғоз мегардад. Зеро дар ин ҷо бояд автобусро интизор шавӣ ва ҷои интизории автобусҳо саҳни васеи истгоҳи автобусҳо, яъне дар рӯи роҳ аст.

Вақте ман дар бораи чӣ тавр ҷараён гирифтани сафари муҳоҷирон пурсон шудам, ҳамсӯҳбати мо ба тӯдаи 200-300 нафараи

муҳоҷирон, ки рӯи замин яке болои болопуш ва дигаре рӯи замини холӣ ва ё бетон хобида буданд, бо аломати ранг бину ҳол пурс ишора кард ва гуфт, мо ҳам аз мушкиле ки дар Ӯзбакистон ҳаст, муҳоҷират кардаем, зиндагӣ гуфта, ба Русия рафта истодаем. Худатон, тавре мебинед, мо дар рӯи замин хобидаем. Душвор аст… Дар байни мо кӯдакон ҳастанд, занон гиряву нола мекунанд.

Як муҳоҷири тоҷики узбакистонӣ низ ба сӯҳбат ҳамроҳ шуда гуфт, ки маоши ночизе, ки дар Ӯзбакистон ба қадри 20-30 доллар мегирад, ӯро водор сохт, ки азоби муҳоҷиратро бар дӯш гирад. Дар байни ин анбӯҳи муҳоҷирони ӯзбаку тоҷик пайдо кардани муҳоҷирони тоҷикистонӣ чандон кори осон набуд. Зеро барои онон дарёфти раводиди Ӯзбакистон мушкил аст ва барои ин кор ҳадди ақал даҳ-понздаҳ рӯз масраф мегардад, аз ин хотир онон роҳҳои дигари расидан ба Қазоқистону Русияро меҷӯянд.

Як муҳоҷири исфарагӣ, ки ба тозагӣ ба Алмаато расидааст, мегӯяд, вай қаблан тавассути роҳҳои, ба истилоҳ, дуздӣ аз Тоҷикистон ба Ӯзбакистон мегузашт ва аз он ҷо баъд ба Қазоқистон мерасид, вале акнун дигар ҳеч аз ин роҳ истифлода карданӣ нест. Вай гуфт, мо ҳамин дафъа, вақте ба Хуҷанд омадем, моро гуфтанд, ки ба осонӣ ба Қазоқистон, ба шаҳри Алмаато мерасонем. Вале мо дар посгоҳи Ойбеки Ӯзбакистону Тоҷикистон басо азоб кашидем. Роҳи Ӯзбакистон то Қазоқистон ҳам пуразоб буд. Шабона бо болои канал гузаштем, роҳ хатарнок буд. Дар хонаи одамон пинҳон шудем ва муносибати соҳибони хона басо дағал буд ва гурусна ҳам монда ба сахтӣ ба Алмаато расидем. Ва ман ба чунин хулоса расидам, ки дигар ҳеч бо роҳи дуздӣ намеоям.

Барои Баҳодур Ниёзов, ки низ аз ноҳияи Исфара аст, алъон роҳи асосӣ ва нисбатан каммасрафи расидан ба Қазоқистон ин роҳи ҳавоиву заминӣ тавассути Қирғизистон аст, ки аз ин роҳ муҳоҷирони кисмати шимолии Тоҷикистон , ки озими Русия ҳастанд, низ истифода мекунанд. Вале Баҳодур мегӯяд, ки албатта барои онҳо роҳи осон ва кӯтоҳтарин аз тариқи Ӯзбакистон аст, вале ҳарчанд ин ҷумҳурӣ узви созмони ҳамкориҳои иқтисодии Авруосиё аст ва байни кишварҳои узви ин созмон бояд равуои озод бошад, вале ҳамоно ин кишвар марзи хешро барои Тоҷикистон боз карданӣ нест ва бад-ин васила ҳам шаҳрвандони хеш ва ҳам мардуми Тоҷикистонро дучори мушкилот месозад.

Аз ин хотир, ба гуфтаи Баҳодур, роҳи бидуни мушкилот барои муҳоҷирони тоҷик роҳи ҳавоии Алмаато - Хуҷанд аст. Вале қимати чиптаи ин роҳ гарон аст. Вай мегуяд, ба воситаи ҳавопаймои Хуҷанд-Алмаато агар оед, сарфатон тақрибан 170-180 доллар мешавад. Баҳодур ва ағлаби муҳоҷирони тоҷик аз бахши шимоли Тоҷикистон бар инанд, ки агар қимати чиптаи Алмаато-Хуҷанд назар ба чиптаи Алмаато-Қӯрғонтеппа каме поин ва ҳадди ақал дар ҳаҷми 120-130 доллар мебуд, ағлаби муҳоҷирон бо ин роҳи осон равуо мекарданд.

XS
SM
MD
LG