Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Суиистифодаи «Дастони заррин» аз мардикорон


Ин мардикорони тоҷик дар саҳроҳои вилояти Волгогради Русия меҳнат мекунанд

Ин мардикорони тоҷик дар саҳроҳои вилояти Волгогради Русия меҳнат мекунанд

Хадамоти муҳоҷирати умури дохилаи вилояти Суғд сарвари муассисаи ҷамъиятии «Дастони заррин»-ро бо иттиҳоми фиреби муҳоҷирини кории тоҷик дар Русия ва аз худ кардани дастмузди онҳо ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидааст.

Масъулини хадамоти муҳоҷирати вилоят мегӯянд, ки ин фард дар пайи шикояти даҳҳо мардикорони фиребхӯрда ахиран аз ҷониби кормандони интизомӣ боздошт гардидааст.

Шуҳрат Аҳмадов, сардори хадамоти муҳоҷирати умури дохилаи вилояти Суғд, иттилоъ дод, ки сарвари ҷамъияти «Дастони заррин» Абдусалом Боймуродов як гурӯҳ сокинони Суғдро ба сурати ғайриқонунӣ бо ваъдаи ҷои кор ва маоши хуб ба Русия бурд, аммо дар онҷо бо муҳоҷирин хилофи ваъдаи худ рафтор кард. Вай шарҳ дод: «Абдусалом Бойматов дар шаҳри Челябинск 24 нафар муҳоҷирони корӣ аз вилояти Суғдро 4 моҳ дар сохтмон кор мефармояд, аммо музди кориашонро ба маблағи беш аз 570 ҳазори рубли русӣ (муодили тақрибан 20 ҳазор доллари амрикоӣ) пардохт накарда, бо роҳи фиреб аз худ мекунад».

Яке аз мардикорони фиребхӯрда аз ин гурӯҳ, бидуни зикри номаш, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки 57 сол дошта, соҳиби 5 фарзанд аст ва умеди таъмини аҳли байт ӯро ба мардикорӣ дар Русия водор карда буд.

Хадамоти муҳоҷирати умури дохилаи Суғд нисбати Абдусалом Боймуродов аз рӯи бандҳои Асноди ҷиноии Тоҷикистон бо иттиҳомоти қаллобӣ ва азхуд кардани маблағҳои ғайр парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Дар ҳамин ҳол ин ягона парвандаест, ки хадамоти муҳоҷирати Суғд аз замони шурӯъи фаъолият, аз ибтидои соли равон то кунун дар ин робита боз кардааст.

Масъулини хадамоти муҳоҷирати Суғд мегӯянд, ки ин гуна ҳодисаҳои фиреби мардикорони тоҷик дар Русия аз ҷониби ҷаллобони тоҷику рус зиёд рух медиҳад, аммо азбаски мардикорони фиребхӯрда ба идораҳои масъул муроҷиат ва даъво намекунанд, мақомот низ ваҷҳе ба таҳқиқи ҳодиса намеёбанд.

Ба гуфтаи ин манбаъ , ҳарсола аз минтақаи шимолии Тоҷикистон ҳудуди 300 000 нафар дар ҷустуҷӯи кору дастмузди хуб умдатан мустақилона ба Русия сафар мекунанд, ва теъдоде ҳам аз онҳо, дар ҳоле ки музди меҳнати худро аз кордиҳандаҳо рӯёнида наметавонанд, бо дасти холӣ ба Тоҷикистон бармегарданд.

XS
SM
MD
LG