Пайвандҳои дастрасӣ

Белград: "Тасмими ИА ғайриқонунист"


Сербистон тасмими Иттиҳодияи Аврупо (ИА) барои мустақарсозии неруҳои ҳифзи тартибот дар Косоворо шадидан маҳкум кард. Ҳукумати Сербистон ин тасмимро “ғайриқонунӣ” номид. Слободан Самарҷич, вазир дар умури Косово мустақаршавии неруҳои ИА-ро чун “шармандагӣ” арзёбӣ кард ва афзуд, ки “ин аслан эътирофи истиқлоли Косово аз сӯи Иттиҳодияи Аврупост”.

Гуфта мешавад, ки шурӯъ аз ҳафтаи оянда ҳудуди ду ҳазор кормандони пулис, додситонӣ ва додгоҳи кишварҳои узви ИА дар Косово мустақар шуда, ба мақомоти маҳаллӣ дар мубориза бо помолшавии ҳуқуқи башар, фасоду ришват ва ҷинояткории муташаккил кумак мекунанд.

Қарор аст имрӯз Косово истиқлоли худ аз Сербистонро эълон кунад. Ин субҳ дар Приштина ҷаласаи фавқулоддаи порлумони Косово ифтитоҳ шуд.

XS
SM
MD
LG