Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрикоиҳо мунтазири натиҷаи "суперсешанбе" ҳастанд


Амрикоиҳо мунтазири натиҷаи суперсешанбе, яъне интихоботи дохилиҳизбии ду ҳизби асосии ин кишвар ҳастанд, ки дар он довталабҳои курсии президенти ИМА дар интихоботи раёсатҷумҳурии моҳи ноябр муайян мешаванд.
Раъйдиҳӣ дар 24 аёлати ИМА ба поён расид.
Тибқи ҳисоби пешакӣ дар байни ҷумҳурихоҳон сенатор Ҷон Маккейн нисбат ба рақибонашон Мит Ромнӣ ва Майк Ҳакабӣ пешдастӣ дорад.
Дар байни демократҳо сабқати Барак Обама ва хонум Ҳилларӣ Клинтон хеле шадид аст ва касе натиҷаи онро пешбинӣ намекунад.
Сешанбеи бузург 40 дар сади вакилони ҷумҳурихоҳ ва демократро, ки дар Анҷумани ин ҳизбҳо довталаби курсии раёсатҷумҳуриро интихоб мекунанд, таъмин менамояд.
XS
SM
MD
LG