Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон мегӯяд, мунтазири гомҳои ҷасуронаи Миср аст


Алӣ Акбар Солеҳӣ, вазири умури хориҷии Эрон, рӯзи ҷумъа аз давлати Миср хост, барои аз сар гирифтани ҳамкориҳо бо Эрон “гомҳои ҷасурона” бардорад. Хабаргузории расмии ИРНА бо нақли қавл аз Алӣ Акбар Солеҳӣ навиштааст, “Мо гуфтаем, ки омодаем ҳамкориҳо бо Мисрро ба сатҳи болотаре бардорем ва умедворем, мақомоти Миср ҳам дар ин самт гомҳои ҷасурона мебардоранд.” Эрон соли 1980 як сол пас аз инқилоби исломӣ, равобити дипломатӣ бо Мисрро қатъ кард. Аввали ин моҳ, Нобил Ал-Арабӣ вазири умури хориҷаи Миср гуфт, кишвараш омодаи боз кардани сафҳае наве дар равобит бо Эрон аст.
XS
SM
MD
LG