Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ироқ мехоҳад пойгоҳи Муҷоҳидини халқро бубандад


Ҳушёр Зиборӣ
Ҳушёр Зиборӣ
Вазири хориҷаи Ироқ гуфт, ҳадафи амалиёти рӯзи 8 апрел болои Кампи Ашраф, ки ба гуфтаи СММ, 34 кушта ба ҷо гузошт, таҳти назорати давлати Ироқ овардани қаламрави ин пойгоҳи марбут ба фирориёни эронӣ буд. Ҳушёр Зиборӣ дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, фаъолияти ин пойгоҳи Созмони муҷоҳидини халқи Эрон, ки суқути ҳокимони рӯҳонии Эронро ба ҳадаф дорад, тибқи Қонуни асосии Ироқ манъ шудааст. Аммо оқои Зиборӣ ин иддаоро, ки ҳадафи амалиёт боздошт ва ба Эрон супурдани аъзои Созмони муҷоҳидини халқ буд, радд кард. Ӯ гуфт, Бағдод аз давлатҳои Аврупо хостааст, то дар ҷобаҷо кардани аҳли ин пойгоҳ кумак расонанд.
XS
SM
MD
LG