Пайвандҳои дастрасӣ

Тавсияҳои Канада ба Афғонистон


Як камиссиюни мустақил дар Канада бояд машваратҳои худро барои беҳбуд бахшидани вазъи Афғонистон ба нашр расонад. Тибқи гузоришҳо аз Канада, дар ин тавсиянома зарурати афзоиш додани ҳайати нирӯҳои канадайӣ дар Афғонистон дар фурсати то соли 2011 таъкид хоҳад шуд. Ҳайати феълии сарбозони канадаӣ, ки аз 2500 воҳиди низомӣ иборат мебошад, қарор аст, то феврали соли 2009 дар Афғонистон хизмат кунад. Нахуствазир Стефан Ҳарпер, ки камиссиюни мазкурро октябри соли гузашта таъсис дода буд, ҷонибдори тавсеаи шумори нирӯҳои канадаӣ дар Афғонистон аст, аммо ҳизбҳои мухолифин, ки аксарияти парлумонро ташкил медиҳанд, мухолифи нигаҳдошти нирӯҳои миллии кишварашон дар манотиқи ҷангзада ҳастанд.
XS
SM
MD
LG