Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саакашвилӣ дар интихобот пирӯз шудааст


Комиссиюни Марказии интихоботи Гурҷистон эълом дошт, ки тибқи натоиҷи пешакӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳур Михаил Саакашвилӣ бо дарёфти беш аз 53 дар сади раӣъҳо пирӯз шудааст. Раиси Комиссиюн Левон Тархнишвилӣ дар сӯҳбат бо шабакаи телевизионии Рустави-2 гуфт, ки ба баргузории даври дуввуми интихобот ниёзе боқӣ намондааст. Натоиҷи ниҳоии ройдиҳӣ рӯзи 13 январ эълон хоҳад шуд.

Дар ҳамин ҳол номзад аз Иттиҳоди мухолифин Левон Гечечиладезе аз сокинони кишвар даъват кард, ки рӯзи якшанбе, яъне 13 январ ба нишони эътироз алайҳи қонуншиканиҳо дар интихоботи президентӣ дар маркази Тифлис гирдиҳам оянд.

Ба иттилоъи хабаргузориҳо, Гачечиладзе дар сӯҳбат бо шабакаи телевизионии Руставӣ 2 гуфт, ӯ барои таҷдиди назари натоиҷи интихобот талош хоҳад кард. Ӯ ҳамчунин иттилоъ дод, ки рӯзи чаҳоршанбе вазъи кишварро бо Михаил Саакашвилӣ баррасӣ кард ва аммо дар ин сӯҳбат Саакашвилӣ аз ҳамкории ҳукумат ва мухолифин ёдовар нашудааст.
XS
SM
MD
LG