Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиши як мошини сабукрав дар Душанбе


Субҳи имрӯз дар назди бозори «Саховат»-и шаҳри Душанбе дар дохили канали обгузари зеризаминӣ таркиш ба амал омад, ки дар натиҷаи он як мошини сабукрав хароб шуд. Ба гуфтаи намояндаи вазорати ҳолатҳои фавқулъодда, таркиш эҳтимолан бар асари ҷамъ шудани буғ дар дохили қубурҳои обгузар рух додааст. Ба қавли шоҳидон, таркиш якбора дар се нуқтаи ба ҳам наздик, аз ҷумла дар зери як мошини истода, ба вуқуъ пайвастааст. Гуфта мешавад, аз сабаби он ки таркиш дар соатҳои барвақти субҳ, дар ҳоле ки кучаҳо камодам будаанд, сурат гирифтааст ва аз ин рӯ талафоти ҷонӣ дар пай надоштааст.

XS
SM
MD
LG