Пайвандҳои дастрасӣ

Беназир Бҳутто, собиқ сарвазири Покистон ва яке аз мухолифони аршади феълии Парвиз Мушарраф, дар як таркиши интиҳорӣ дар Равалпиндӣ кушта гардид.

Шоми рӯзи панҷшанбе, 27 декабр ҳангоми ҳамоише дар шаҳри Равалпиндӣ ба хотири дастгирӣ аз Беназир Бҳутто инфиҷор ба амал омад.

Сухангӯи Ҳизби мардумии Покистон, ки хонум Бҳутто раҳбарии онро бар дӯш дошт, тасдиқ кард, ки Беназир Бҳутто дар ин инфиҷор шадидан захм бардошта ва ба маризхона мунтақил гардид, аммо пизишкон натавонистанд, ӯро аз марг наҷот диҳанд.


Беназир Бҳутто: Бозгаште, ки бо марг анҷомид. (аксҳо)

Вокунишҳо дар мавриди куштори Беназир Бҳутто

Дар ин инфиҷор дастикам 20 нафар ҷони худро аз даст додаанд. Гузоришҳо нахуст ҳокӣ аз он буданд, ки хонум Бҳутто "шадидан захм бардоштааст". Аммо баъдан хабар расид, ки ӯ кушта шудааст.

Ба нақл аз хабаргузориҳо, инфиҷор дар назди кортежи мошинҳои Беназир Бҳутто пас аз чанд дақиқаи суханронии ӯ дар ин ҳамоиш ба амал омадааст. Шоҳидони ҳол гуфтаанд, террористи маргталаб худро дар наздикии камтар аз 50 метр аз автомобили Беназир Бҳутто тарконидааст.


Беназир Бҳутто: Нахустин зане, ки раҳбари Покистон буд


Беназир Бҳутто 54 сол дошт ва беш аз ду даҳа дар арсаи сиёсати дохилии Покистон фаъолият карда буд. Ӯ нахустин зане буд, ки дар Покистон ба мақоми нахуствазирӣ расида буд. Ӯ бори нахуст дар соли 1988 ба ҳайси нахуствазири Покистон савганд ёд карда буд, ва баъд аз 20 моҳ аз қудрат барканор шуд. Соли 1993, ӯ бори дигар дар интихобот пирӯз шуд ва то соли 1996 раёсати давлати Покистонро бар уҳда дошт.

Хонум Бҳутто аз соли 1998 дар Дубай (Имороти Муттаҳидаи Араб) ба сар мебурд ва дар рӯзи 18 октябри соли 2007 ба Покистон баргашт. Ӯ ба маҳзи вуруд ба кишвар низ бо ду суиқасд рӯбарӯ шуд, аммо ҷони солим бадар бурда буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG