Пайвандҳои дастрасӣ

Беназир Бҳутто баъд аз бозгашташ 3-юми декабри соли ҷорӣ дар нишасти хабарие дар Исломобод гуфта буд, ки вай ба интихоботи одилона дар кишвараш бовар надорад:

"Дар шароити кунунӣ интихоботи одилона баргузор намешавад. Мо интихоботи одилона мехоҳем. Мо ба тавофуқ расидем, ки интихоботи одилона баргузор шавад. Мо ба тавофуқ расидем, ки агар интихоботи озоду одилона баргузор нашавад, фишор ба мардум афзоиш меёбад".

Аммо қабл аз ин изҳороти Беназир Бҳутто 29-уми ноябри соли ҷорӣ Парвиз Мушарраф- раиси ҷумҳур дар маросими иҷрои савганди раёсати ҷумҳурӣ дар Исломобод чунин изҳор дошт:

"Нахуствазирони собиқ Беназир Бҳутто ва Навоз Шариф баргаштанд. Ман шахсан эҳсос мекунам, ки ин барои мусолиҳаи сиёсӣ хуб аст".

Аммо Беназир ба мусолиҳа ва ба омадани демократия бовар надошт. Вай 13 -уми ноябри соли ҷорӣ дар як мусоҳибаи телефонӣ бо хабаргузории Рейтер эҳсосоташро ин гуна бозгӯ карда буд:

"Вазъ барои равандҳои демократӣ хеле осебпазир аст. Воқеъият ин аст, ки мо ба нафъи диктатура кор мекунем, вале намехоҳем чунин бошад".

Беназир Бҳутто 54 сол дошт. Вай 21-уми июни соли 1953 дар хонаводаи заминдори сарватманд ба дунё омад. Падараш Зулфиқор Алӣ Бҳутто Ҳизби мардумии Покистонро таъсис дод ва солҳои 1971 - 1977 раиси ҷумҳур ва нахуствазири Покистон буд.

Беназир баъд аз хатми донишгоҳҳои Ҳарвард ва Оксфорд соли 1977 ба Покистон баргашт. Ҳамон сол қабл аз бозгашти вай низомиён ба раҳбарии генерал Зиё-ул-Ҳақ падарашро аз мақом барканор ва қудратро ба даст дароварда буданд. Низомиён ду соли баъд, яъне соли 1979 падарашро эъдом карданд ва раҳбарии Ҳизби мардумии Покистон аз падараш Зулфиқор Алӣ Бҳутто ба Беназир гузашт.

Соли 1988 Беназир нахуствазири Покистон интихоб шуд, вале соли 1990 ӯро аз ин мақом барканор ва барои ришвахорӣ муттаҳам карданд.

Вай муборизаро идома дод ва соли 1993 бори дигар дар натиҷаи интихобот курсии нахуствазирии кишварашро аз Навоз Шариф ба даст овард. Баъд аз се сол, яъне соли 1996 вай бори дигар мақоми нахуствазириро аз даст дод ва ба Навоз Шариф.

Соли 1998 ӯ ба Дубай ҳиҷрат карда буд, ва 18 октябри соли ҷорӣ ба ватанаш баргашт. Дар рӯзи бозгашти ӯ аз Дубай ба Карочӣ, як бомбгузори интиҳорӣ ҳангоми ҳаракати корвони мошинҳо худро мунфаҷир сохт ва 150 нафар аз ҷонибдорони хонум Бҳутто кушта шуданд.

Ин дафъаи севвум буд, ки вай талош дошт, бори дигар дар интихобт ширкат кунад.

XS
SM
MD
LG