Пайвандҳои дастрасӣ

Таҳлилгарони масоили сиёсӣ дар мавриди истеъфои Парвиз Мушарраф аз мақоми сарфармондеҳи артиши Покистон бар ин назаранд, ки ӯ чун пештара дар ин кишвари дорои силоҳи ҳастаӣ қудрати фарогир нахоҳад дошт.

Хабаргузории Ройтерс дар як таҳлиле навиштааст, акнун Парвиз Мушарраф ба дарёи пурталотуми сиёсие ворид шуд ва имкон дорад дар ин дарё ғарқ шавад. Таҳлилгари Ройтерс навиштааст, эҳтимоли он вуҷуд дорад, ки дар интихоботи порлумонии 8 январ теъдоди кофии вакилони мухолиф ба порлумон роҳ ёфта ва ба Парвиз Мушарраф раъйи адами эътимод диҳанд. Парвиз Мушшарафи 64-сола ҳангоми адои савганд гуфт, Покистон таҳти раҳбарии ӯ ҳамчун раисҷумҳури ғайринизомӣ ва сарфармондеҳи таъйинкардааш генерал Ашфақ Каёнӣ кишвари нерӯмандтар хоҳад буд.

Вай афзуд, ин як марҳилаи сарнавиштсоз дар гузариши Покистон ба демократияи комил хоҳад буд. Парвиз Мушарраф гуфт, аз бозгашти рақибони сиёсиаш нахуствазирони собиқ Навоз Шариф ва Беназир Бҳутто ба Покистон хушнуд аст, зеро бозгашти онҳо барои мусолиҳаи сиёсӣ дар кишвараш мусоидат мекунад.

Аммо ин ду рақиби Парвиз Мушарраф гуфтаанд, шояд интихоботи моҳи январро таҳрим ва ё бойкот кунанд, зеро интихобот дар шароити вазъи фавқуллода, ки Парвиз Мушшараф эълом кардааст, шаффофу одилона сурат нахоҳад гирифт. Бар изофаи мухолифони дохилии сиёсӣ, кишварҳои ғарбӣ аз ҷумла шарики Покистон Иёлоти Муттаҳида низ аз Парвиз Мушарраф хостаанд, вазъи фавқуллодаро хотима диҳад, то интихобот шаффофу одилона баргузор шавад.

Дар ин зимн рӯзномаи «Ню-Йорк Таймс» ба баррасии сарнавишти ояндаи Покистон пардохта ва гуфтааст, бозгашт ва ширкати Навоз Шариф дар интихобот ояндаи Покистонро боз ҳам номаълумтар мекунад, зеро ба ин бозӣ Арабистони Саудӣ ҳам акнун ворид шудааст. Навоз Шариф, ки аз Арабистони Саудӣ ба ватанаш бозгашт худро демократи ҳақиқӣ ва ҳомии қонун вонамуд мекунад, ҳарчанд, ба гуфтаи «Ню-Йорк Таймс», замони ҳукмронии ӯ достон баръакс буд, яъне фасодкорӣ, зӯргӯӣ ва талошҳо барои хомӯш кардани хабарнигорону ҳуқуқдонҳои мустақил.

Ончӣ ки имрӯз Навоз Шарифро нерӯманд мекунад, на собиқа, балки ҳимояти Арабистони Саудӣ аз ӯст навиштааст Ню Йорк Таймс. Арабистони Саудӣ ҳамеша аз он аҳзобу сиёсатмадорони Покистон ҳимоят кардааст, ки мойили усули идораи ифротии Арабистони Саудӣ ҳастанд. Аммо рақиби Навоз Шариф нахуствазири собиқи дигар Беназир Бҳутто аст. Ҳарчанд замони ҳукмронии ӯ ҳам олуда ба фасодкорӣ будааст, мегӯяд «Ню-Йорк Таймс» аммо хонум Бҳутто бештар демократ, дунявӣ ва хоҳони муборизаи воқеъӣ ба зидди Ал-қоида ва Толибон дар хоки ин кишвар аст.

Аз ин сабаб Арабистони Саудӣ хоҳиши бозгашти Беназир Бҳутто ба қудрат дар Покистон надорад, мегӯяд «Ню-Йорк Таймс». Ба андешаи ин рӯзнома ҳарду сиёсатмадор, ки таҳдиди бойкоти интихоботро кардаанд бояд бо ташкили нерӯи муштараки мухолиф диктаторӣ дар Покистонро хотима диҳанд. Ҳанӯз барои хонум Бҳутто дер нашудааст, ки демократ будани худро нишон диҳад ва ҳанӯз ҳам дер нашудааст, ки Навоз Шариф ҳам нишон диҳад, демократ буда метавонад, хулоса мекунад «Ню-Йорк Таймс».

XS
SM
MD
LG