Пайвандҳои дастрасӣ

Покистон: пайомадҳои инфиҷорҳои ахири маргталабона


Парвиз Мушарраф, раисиҷумҳур ва сарфармондеҳи артиши Покистон

Парвиз Мушарраф, раисиҷумҳур ва сарфармондеҳи артиши Покистон

Бар асари ду бомбгузории интиҳорӣ дар шаҳри Равалпиндӣ дастикам 15 кушта ва даҳҳо тан маҷрӯҳ шуданд, ки дар пайи онҳо танишҳои сиёсии баъди эъломи вазъи фавқулода дар Покистон шиддатгирифта бештар гардиданд.

Ба гуфтаи шоҳидони айнӣ ва мақомоти расмӣ,як ронандаи маргталаб мошини бомбгузоришудаашро ба рӯи автобуси ҳомили маъмурони амниятӣ равона кард, ки дар натиҷа инфиҷори мудҳиҳе ба амал омад.Ва ҳамзамон бо ин ҳодиса дар назди як посгоҳи берун аз қароргоҳи артиши Покистон мошини бомбгузоришудаи дигаре мунфаҷир шуд.
Бар асари ин ҳамлаҳои ба гуфтаи Воҳид Аршад, сухангӯи артиши Покистон, “интиҳорӣ” дастикам 15 нафар кушта шуданд. Вале, бар асоси гузоришҳои дигар, теъдоди қурбониҳо аз ин ҳам зиёд буда, ба 30 нафар мерасад.
Гуфта мешавад, дар шаҳри Равалпиндӣ, воқеъ дар ҷанубии Исломобод, қароргоҳҳои аслии артиши Покистон ва ҳамчунин дафтарҳои низомии раиси ҷумҳур Парвиз Мушарраф ҷойгиранд.
Дар ҳамин ҳол масъулияти бомбгузориҳо дар Равалпиндиро то кунун ҳеҷ гурӯҳе бар дӯш нагирифтааст. Аммо бомбгузориҳои маргталабонаи гузаштаи соли равон дар Покистон амали дасти тундравони тарафдори Толибон дониста мешавад, ки аксари ин ҳамлаҳо дар манотиқи қабиланишини шимоли ғарбии ин кишвар воқеъ дар марз бо Афғонистон рух додаанд.
Теъдоди дигар аз ҳамлаҳо дар шаҳрҳои бузурги Покистон ба вуқӯъ пайвастанд, ки ин нигарониҳоро аз афзоиши ифротгароӣ дар Покистонро афзудааст. Гуфта мешавад, ки моҳи октябр дар шаҳри Равалпиндӣ як маргталаб бо бомбгузорӣ дар посгоҳи наздик ба дафтари раиси ҷумҳур Парвиз Мушарраф 7 нафарро кушт.
Ду ҳафта қабл дар шаҳри Карочӣ дар раҳпаймоие ба хотири бозгашти раҳбари мухолифони давлат ва нахуствазири собиқи кишвар Беназир Бҳутто ба Покистон дар натиҷаи бомбгузории муҳлике 135 нафар ба ҳалокат расиданд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки Покистон, пас аз онки Парвиз Мушарраф бо зикри афзоиши ифротгароии исломӣ ва дахолати додгоҳҳо ба фаъолияти ҳукумат ахиран вазъи фавқулода эълом кард, гирифтори ошуфтагиҳои сиёсӣ шуд.
Дар аввали ҳафта Додгоҳи олии Покистон, иборат аз додрасҳои содиқ ба ҳукумат, эъломи вазъи фавқулодаро таъйид кард ва шикоятҳои аҳзоби мухолиф доир ба ғайриқонунӣ будани ширкати раисиҷумҳур Парвиз Мушарраф дар интихоботи раёсати ҷумҳурро беасос донист.
Имрӯз, 24-уми ноябр, Кумисиюни марказии интихоботи Покистон таъйид кард, ки Парвиз Мушарраф дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар моҳи октябр пирӯз шудааст.
Ба гуфтаи аҳзоби сиёсии мухолиф, вазъи фавқулода имкон намедиҳад, ки интихоботи умумии 8-уми январи соли 2008 дар Покистон шаффофу одилона баргузор шавад. Ҳарчанд ҷомиъаи байнулмилалӣ аз Мушарраф давъат кардааст вазъи фавқулода дар кишварро хотима диҳад, ӯ иддаъо кардааст, ки танҳо бо назардошти вазъи амниятӣ онро поён хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG