Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Маскав хостори назорати СММ ба масъалаи Косовост


Вазири умури берунаи Русия, Сергей Лавров, мегӯяд, пеш аз он ки намояндагии интизомии Иттиҳоди Аврупо ба вилояти ҷудоиталаби Косово фиристода шавад, бояд қатъномаи нави Шӯрои Амният ба тасвиб расад. Ҳамзамон, Лавров гуфт, Русия ҳама гуна тарҳеро, ки аз истиқлолияти Косово пуштибонӣ мекунад, рад хоҳад кард. Раҳбарони Иттиҳоди Аврупо ба созиш расидаанд, ки дар моҳҳои оянда як намояндагии интизомии паймонро ба Косово роҳӣ кунанд. Даври охири гуфтушунидҳои Сербия ва Косов дар моҳи ноябр бидуни тавофуқ ба поён расид ва албанитаборони Косово гуфтаанд, мехоҳанд, ҳарчи зудтар ба таври якҷониба эълони истиқлолият кунанд.
XS
SM
MD
LG