Пайвандҳои дастрасӣ

Назорат бар Мӯсо Қалъа ба дасти ҳукуматиҳо гузашт


Артиши Афғонистон ҳамроҳ бо нирӯҳои байналмилалӣ имрӯз назоратро бар шаҳри Мӯсо Қалъа, воқеъ дар ҷануби Афғонистон ба дасти худ дароварданд. Сухангӯи вазорати дифои Афғонистон генерал Муҳаммад Зоҳир Азимӣ гуфт, ки артиши нирӯҳои афғонӣ, бритониёӣ ва амрикойӣ шаҳри Мӯсо Қалъаро дар вилояти Ҳилманд аз дасти Толибон пурра таҳти контроли худ дароварданд. Азимӣ афзуд, ки дар ин соатҳо даргириҳо дар канораҳои шаҳр идома дорад. Амалиёти мазкур рӯзи ҷумъа, 7 декабр шурӯъ шуд. Сухангӯи толибон Қорӣ Юсуф Аҳмадӣ гуфт, ки дар пайи амалиёти бомббори шадиди имрӯза ҷангиён "ба хотири ҷилавгирӣ аз хисороти зиёди мулкиву низомӣ" маконро тарк карданд. Дар вулусволии ҳамсояи Сангин имрӯз полис бо гурӯҳи ҷангиёни толибон вориди даргирӣ шуда 15 мусаллаҳро кушта ва 11 нафарро маҷрӯҳ ба ҷо гузошт. Ва дар вилояти марказии Вардак як чархболи артиши Афғонистон суқут карда чаҳор нафарро кушта ба ҷо гузошт. Вазорати дифоъ гуфт, ки тумани зиёд дар вусулволии Солор сабаби суқути чархбол шудааст. Дар ҳамин ҳол, нахуствазири Бритониё Гордон Браун бо як сафари ғайримунтазира вориди Кобул шуда бо раиси ҷумҳурии ин кишвар Ҳомиди Карзай гуфтугӯе анҷом дод.
XS
SM
MD
LG