Пайвандҳои дастрасӣ

Дар вилоёти Сахалин, Хабаровск ва Чукотка, ки дуртарин манотиқи шарқии Русия мебошанд, интихоботи порлумонӣ ба охир расид.

Тибқи иттилоъи Комисиюни марказии интихоботии Русия, дар вилоёти шарқии ин кишвар аз 40 то 60 дарсади раъйдиҳандагон дар интихобот ширкат кардаанд. Ҳамзамон дар манотиқи марказӣ ва ғарбии Русия, ки ба вақт якчанд соат ақибтаранд, интихобот идома дорад.

Дар ҳамин ҳол расонаҳои хабарии Русия дар бораи нахустин ҳолатҳои вайронкунии ҳуқуқи баъзеи раъйдиҳандагон ва нозирони маҳаллӣ иттлоъ додаанд. Аз ҷумла намояндаи ҳизби мухолифи Иттиҳоди нерӯҳои рост ба радиои «Эхо Москва» хабар додааст, ки дар бархе аз ҳавзаҳои интихоботии Маскав нозирони ин ҳизбро роҳ надодаанд.

Шумори нозирони байнулмилалӣ дар интихоботи порлумонии Русия хеле кам гуфта мешавад. Барои назорати раванди раъйдиҳӣ дар 96 ҳазор ҳавзаи интихоботӣ дар минтақаҳои гуногуни ин кишвар ҳамагӣ ҳудуди 400 нозири байнулмилалӣ таъин шудааст, ки, ба назари коршиносон, барои назорати комил аз шаффофияти интихобот ғайриимкон аст.

Дар интихоботи Думаи давлатии Русия, ки 2 декбар баргузор хоҳад шуд, 11 ҳизби ин кишвар, аз ҷумла ҳизби ҳокими «Русияи ягона», Ҳизби Комунист, Ҳизби либерал-демократи Русия (ЛДПР), «Яблоко», Иттиҳоди нерӯҳои ростгаро, «Ватанпарварони Русия», Ҳизби демократ, «Нерӯи шаҳрвандӣ», Ҳизби аграрӣ ва Ҳизби адолати иҷтимоӣ, ширкат мекунанд. Дар ҷамъ 4600 узви ин ҳизбҳо номзадии худро пешниҳод кардаанд ва танҳо 450 нафар метавонад соҳиби курсии порлумонӣ гардад.

XS
SM
MD
LG