Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи Думаи давлатии Русия оғоз гардид


Муҳаммадраҳими Сайдар, хабарнигори Радиои Озодӣ дар Маскав аз тоҷикони муқими Маскав интервю мегирад
Муҳаммадраҳими Сайдар, хабарнигори Радиои Озодӣ дар Маскав аз тоҷикони муқими Маскав интервю мегирад

Нахуст ҳавзаҳои интихоботии вилоёти шарқии Русия ба қабули раъйдиҳандагон шурӯъ кардаанд ва дар баъзеи ин вилоёт алакай 40 дарсади мардум овоз додаанд.

Дар манотиқи марказии кишвари паҳновари Русия интихобот дертар аз вилоёти шарқии он оғоз гардид. Дар интихоботи порлумони Русия беш аз 108 милиён шаҳрванди ин кишвар ҳақи овоздиҳӣ дорад. Онҳо бояд аз 4600 узви 11 ҳизби ин кишвар, ки номзадии худро пешниҳод кардаанд, танҳо 450 нафарро барои Думаи давлатӣ интихоб кунанд.

Бино ба бархе аз сарчашмаҳо, мақомоти Русия барои баргузории интихоботи Думаи давлатӣ чораҳои бесобиқаи амниятӣ андешидаанд. Ба иттилоъи рӯзномаи «Комерсант», чопи Маскав, таъмини амният ҳини интихоботро Хадамоти амниятии федералии Русия (ФСБ) бар уҳда доштааст ва танҳо дар шаҳри Маскав 20 ҳазор ва дар ҷамъ ниммилиён пулис ва низомиён сафарбар шудаанд.

Шумори нозирони байнулмилалӣ дар интихоботи порлумонии Русия хеле кам гуфта мешавад. Барои назорати раванди раъйдиҳӣ дар 96 ҳазор ҳавзаи интихоботӣ дар минтақаҳои гуногуни ин кишвар ҳамагӣ ҳудуди 400 нозири байнулмилалӣ таъин шудааст, ки, ба назари коршиносон, барои назорати комил аз шаффофияти интихобот ғайриимкон аст. Баъзе аз расонаҳо хабарӣ ҳанӯз дар оғози интихобот дар вилоятҳои шарқии Русия аз ҳолатҳои вайронкунии ҳуқуқи баъзеи раъйдиҳандагон иттилоъ додаанд.

XS
SM
MD
LG