Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пуштибонии ИМА аз нозирони САҲА


Ёвари котиби давлатии ИМА дар умури сиёсӣ Николас Бурнс

Ёвари котиби давлатии ИМА дар умури сиёсӣ Николас Бурнс

Ёвари котиби давлатии ИМА дар умури сиёсӣ Николас Бурнс эълон дошт, ки ИМА ба кӯшишҳои поин бурдани нақши нозирони САҲА дар маъракаҳои интихоботии Русия муқовимат хоҳад кард.

Вай дар ин бора имрӯз, 29 ноябр, дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Мадрид қабл аз нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви САҲА ибрози назар кард. Дар ин нишасти дурӯза дар назар аст масоили интихоби раҳбари даврии САҲА ва пешниҳоди Русия дар мавриди нозирони САҲА дар интихоботи ин кишвар баҳс шавад. Ёвари котиби давлатии ИМА дар умури сиёсӣ гуфт, Русия муаллифи пешниҳодест, ки Муассисаи ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА-ро заиф мекунад. Вай афзуд, дар ин ташаббус Узбакистону Беларус ва Қазоқистон ҳам саҳм гузоштаанд ва мо ба он комилан мухолифем.

Масъалаи дигаре, ки Николас Бурнс хотирнишон намуд, талоши Қазоқистон ба раҳбарии даврии САҲА дар соли 2009 буд. Аксари кишварҳои узви САҲА ишора кардаанд, ки ба раҳбарии Остона мухолиф нестанд, вале ИМА, Британия ва ҷумҳурии Чех таъкид мекунанд, ки онҳо аз номзадии Қазоқистон пуштибонӣ намекунанд. Ба ақидаи се кишвар Қазоқистон ба раҳбарии созмоне, ки мағзи он аз ҷумла эҳтироми ҳуқуқи башар ва садоқат ба демократия мебошад, омода нест.

Ҳар қарори САҲА бар пояи консенсус, яъне мувофиқати 56 узви созмон ба тасвиб мерасад. Русияву Қазоқистон ба нокомӣ тан дода, кишварҳои мухолифро ба қабули раҳбарии Қазоқистон дар соли 2010 ва ё 2011 моил мекунанд. Дар Мадрид мувофиқат ҳосил шуд, ки тобистони соли оянда дар Остона Маҷмаъи парламентии САҲА барпо мешавад. Масъалаи дигаре, ки аксуламали ёвари котиби давлатии ИМА-ро ба бор овард, пешниҳоди Русия пиромуни маҳдудсозии фаъолияти нозирони САҲА ва таҳти назорати кишварҳои шарик қарор додани Муассисаи ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА мебошад.

Кремл ин муассисаи САҲА-ро масъули инқилоби садбаргии Гурҷистон ва инқилоби норанҷии Украина мешуморад. Бар пояи пешниҳоди Русия ин муассиса бояд на бештар аз 50 нозирро ба маъракаҳои интихоботӣ фиристад ва ҳамчунин ин нозирон то эълони натиҷаи расмии интихобот аз шарҳи он маҳрум бошанд. Моҳи равон муассисаи ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА бо ишора ба ҳамкории заифи Русия эълон кард, ки дар муроқибати интихоботи парламентии Русия ширкат намеварзад.

Президенти Русия Владимир Путин изҳор намуд, ки САҲА бо машварати ИМА аз назорати интихоботи парламентии 2 декабр даст кашид. Вале ёвари котиби давлатии ИМА Николас Бурнс ин иттиҳомро рад карда, гуфт, ин ақида ғайри қобили қабул аст, ки ҳукумати ИМА ва, ба вижа департаменти давлатӣ, ба муассисаи ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башар машварат дода бошанд, ки аз назорати интихобот даст кашанд. Вай афзуд, ба ҳар кас дар Вена возеҳ буд, ки Русия хилофи анъана кор карда, ба САҲА ақидаашро таҳмил намуд, ва ё дар шакле саъй намуд ба САҲА таъсир гузорад.

Ҳамин тариқ аз эҳтимол дур нест, ки нишасти вазирони корҳои хориҷии САҲА дар Мадрид бидуни қабули эъломия ба анҷом расад. Сар аз соли 2002 ихтилофҳои Русия ва ИМА имкон намедиҳанд, ки ин ҷаласаҳои солона ба тасвиби санаде хотима ёбанд. Бо ишора ба баҳсҳои рӯзи панҷшанбе баъзе шореҳон ҳадс мезананд, ки имсол ҳам нишасти вазирон бе имзои кадом санаде ба анҷом мерасад.

XS
SM
MD
LG