Пайвандҳои дастрасӣ

Березовский ба шаш соли зиндон маҳкум шуд


Додгоҳи Маскав Борис Березовскийро дар ғайбаш ба шаш соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум кард. Тоҷири маъруф ва мунаққиди Кремл дар ғорати беш аз 200 миллион рубл аз ширкати Аэрофлот муттаҳам шудааст.

Мурофиаи додгоҳӣ дар ғайби айбдоршаванда баргузор шуд - Борис Березовский айни ҳол паноҳандаи сиёсист ва дар Лондон ба сар мебарад. Алайҳи ӯ дар Русия 11 парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Маскав чанд сол боз аз мақомоти Бритониё истирдоди Б.Березовский ба Русияро талаб дорад.

XS
SM
MD
LG