Пайвандҳои дастрасӣ

Путин: Дар бойкоти интихобот ИМА даст дорад


Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия дирӯз ИМАро дар он муттаҳам кард, ки САҲАро водор кардааст, аз ирсоли нозиронаш ба интихоботи парлумонии 2 декабри Русия даст кашад. Путин гуфт:

"Бар пояи иттилое, ки мо дастрас кардаем, ин тасмим бо машварати вазорати хориҷаи Амрико гирифта шуд. Ва дар ҳақиқат ҷои шубҳа нест, ки он дар равобити мо бо Амрико таъсир хоҳад гузошт".

Путин афзуд, ки ҳадафи онҳо "ғайриқонунӣ" талаққӣ додани интихоботи парлумонии Русия мебошад. Ҳайати нозирони САҲА гуфтааст, ки аз ширкат дар ҷараёни арзёбиҳои интихоботи Русия бо ин сабаб даст мекашад, ки Маскав шароити фаъолияти онҳоро амалан ғайримумкин кардааст. Кремлин ин созмонро дар он муттаҳам кард, ки аризаҳои ширкат дар интихоботро носаҳҳеҳ пур кардааст. Бо ин вуҷуд, Маҷмаи парлумонии САҲА ҳамроҳ бо Шӯрои Ассамблеяи парлумонии Аврупо тасмим доранд, 100 вакили худро барои назорат аз интихобот ба Русия фиристанд. Дар ҳоле, ки вокуниши Амрико ба изҳороти ахири Путин ҳанӯз маълум нест, аммо Кохи Сафед, Иттиҳодияи Аврупо, Шӯрои Аврупо, Фаронса ва Олмон дар робита ба саркӯби ширкатдорони намоишҳои эътирозии зиддиҳукуматӣ дар Маскаву Санкт-Петербург аз ҷониби полис изҳори нигаронӣ карданд. Раиси ҷумҳурии Амрико Ҷорҷ Буш гуфт, ки аз ин ҳодиса "амиқан нигарон" аст. Дар пайи ин саркӯбҳо, Гарри Каспаров, як раҳбари мухолифин барои панҷ рӯз ба зиндон андохта шуд. Дирӯз қозии додгоҳи Маскав ҳукми Каспаровро таъйид кард ва гуфт, ки Каспаров аз рӯзи шанбе дар боздошт ба сар мебарад.
XS
SM
MD
LG