Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳуқуқи расонаҳо дар Гурҷистон бояд пурра барқарор шавад


Раиси Камиссиюни равобити хориҷаи Иттиҳодия Аврупо Бенита Ферреро-Валднер бекоршавии низоми изтирории Гурҷистонро истиқбол кард, аммо афзуд, ки Тифлис бояд ба таври пурра ҳуқуқи расонаҳои хабарӣ ва шаҳрвандиро барқарор кунад. Хонум Ферреро-Валднер қабл аз нишасти вазирони умури хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо дар Бруссел сӯҳбат мекард. Ин нишаст дар баробари як қатор масоили дигар, бояд инчунин масъалаи ирсоли миёнҷиҳои аврупоиро ба Гурҷистон баррасӣ кунад.
XS
SM
MD
LG