Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми зиндони ду тоҷик дар Екатеринбург


Ду шаҳрвандони Тоҷикистон бо ҳукми додгоҳи Екатеринбург барои 9 сол аз озодӣ маҳрум гардиданд. Юсуф Ғозиеви 45-сола ва Одина Одинаеви 38-сола дар моҳи апрели имсол ҳангоми таҳвили 9 килограм ҳероин ба маркази маъмурии устон аз сӯйи мақомоти интизомӣ боздошт шудаанд. Бар асоси пешниҳоди далелҳои собиткунандаи гуноҳи ин афрод ба додгоҳ, айби онҳо собит шудааст. Дар ҳамин ҳол, рӯзи гузашта як шаҳрванди дигари 40-солаи Тоҷикистон бо ҷурми қочоқи маводди мухаддир дар Маскав мавриди боздошт қарор гирифт. Мақомоти пулис, аз мошини сабукрави ӯ 20 бастаи ҳероинро, ки ҷамъан наздики 20 килоро ташкил медод, мусодира кардаанд.

XS
SM
MD
LG