Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздоштҳои Эрон дар пайи задухӯрдҳои мазҳабӣ


Гузориш мешавад, ки дар Эрон дар пайи хушунатҳое, ки бо ширкати мусалмонони сӯфимазҳаб сурат гирифтааст, беш аз 180 нафар боздошт шудаанд. Хабаргузории Ассошейтед Пресс гузориш медиҳад, ки гурӯҳи сӯфиҳо бо аъзои масҷиди шиаён дар шаҳри Буруҷерд ва нирӯҳои амниятӣ вориди даргириҳо шуданд. Гузоришҳо ҳокист, ки ҳудудан бист нафар маҷрӯҳ шуда як сохтмони марбут ба сӯфиҳо хароб шудааст. Дар Эрон, ки аксар аҳолӣ аз мазҳаби шиа пайравӣ мекунанд, ба сӯфиҳо ботаҳаммул муносибат мешавад, аммо бо ин вуҷуд, равобити миёни онҳо ва мақомоти шиа чандон бемушкил нест.
XS
SM
MD
LG