Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сангтӯда-2-ро зудтар месозанд


Имрӯз дар шаҳри Душанбе баъди мулоқот бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазири нерӯ ё худ энергетикаи Эрон Саид Парвиз Фаттоҳ изҳор намуд, ки раисҷумҳури Тоҷикистон ваъда додааст, таъмини семент ба сохтмони нерӯгоҳи барқиву обии Сангтӯда-2-ро таҳти назорати шахсӣ қарор медиҳад. Имрӯз Тоҷикистону Эрон дар як санади тафоҳум имзо мегузоранд, ки бар пояи он Ҷумҳурии Исломӣ ӯҳдадор мешавад, мӯҳлати сохтмони нерӯгоҳи Сангтӯда-2-ро кӯтоҳтар кунад. То ин замон Эрон ӯҳдадор буд, ки нерӯгоҳи Сангтӯда-2-ро дар соли 2012 -ум ба истифода супорад. Бар илова вазири эронӣ гуфтааст, ки Ҷумҳурии Исломӣ метавонад дар татбиқи лоиҳаиҳои дигари энергетикӣ ва аз ҷумла нерӯгоҳи Роғун саҳмгузор бошад.

XS
SM
MD
LG