Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Инфиҷори гaз дар бинои истиқоматӣ


Соати 6-и субҳи 8-уми ноябр дар як бинои баландошёна дар маҳалли Зарафшони шаҳри Душанбе инфиҷор рух дод, ки бар асари он 2 нафар кушта шудааст.

Гуфта мешавад, ҳодиса бар асари таркиш дар лӯлаи интиқоли гaзи табиъӣ дар яке аз манозили табақаи дувуми ин бино рух додааст. Шумори афроди захмӣ ва маҷрӯҳшуда то ба ҳол маълум нест, зеро ҳеч яке аз мақомоти интизомии пойтахт ҳозир нашудааст дар ин бора иттилоъ диҳад.

Бар асари таркиш манозили се табақаи аввали бинои нуҳошёна шадидан тахриб ва барои зиндагӣ номумкин шудааст.

XS
SM
MD
LG