Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сербистон мухолиф аст


Войислав Коштунитса, нахуствазири Сербистон гуфт, ки ҷадвали замонии шаклдиҳии истиқлолияти вилояти Косово ғайри қобили қабул аст. Коштунитса дирӯз дар ин бора дар як нишасти матбуотӣ дар Вена, баъди анҷоми даври чаҳоруми музокироти сарнавишти Косово сӯҳбат кард. Дар ин музокирот инчунин намояндаҳои гурӯҳи сегона - Иттиҳодияи Аврупо, Русия ва ИМА ширкат мекунанд. То 10 декбар бояд ин гурӯҳ омӯзиши вазъро анҷом дода баъдан ба СММ гузориш диҳад. Албаниҳои Косово гуфтаанд, ки ин таърихро чун рӯзи истиқлолияти худ эълон хоҳанд кард. Сербистон мухолифи хатми музокирот ва бахшиши истиқлолияти таҳти сарпарастии ҷомеаи байналмилалӣ ба ин вилояти ҷудоихоҳаш мебошад.
XS
SM
MD
LG