Пайвандҳои дастрасӣ

Аҳмадинажод ҷонибдори саркӯбшавии ошубгарони ҲКК


Мақомоти Ироқ изҳор карданд, ки Маҳмуди Аҳмадинажод – раисиҷумҳури Эрон аз саркӯбшавии ошубгарони курд дар шимоли Ироқ ҷонибдорӣ карда ва ҳамзамон хостори ҳалли мусолиматомези бӯҳрон шудааст. Ба иттилоъи дафтари сарвазири Ироқ, имрӯз Маҳмуди Аҳмадинажод ва Нурӣ Ал-Моликӣ ин мавзӯъро дар як сӯҳбати телефонӣ баррасӣ карданд.

Туркия неруҳои худро дар марзҳои шимолии Ироқ гирд оварда таҳдиди ҳамла ба пойгоҳҳои Ҳизби Коргарони Курдистон дар қаламрави кишвари ҳамсоя мекунад. Маҳмуди Аҳмадинажод ва Нурӣ Ал-Моликӣ изҳор карданд, ки амалҳои террористии Ҳизби Коргарони Курдистон ба амният ва манфиатҳои ҳарсе кишвар – Ироқ, Туркия ва Эрон таҳдид мекунад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG