Пайвандҳои дастрасӣ

ИМА назархоҳии Қирғизистонро танқид кард


ИМА мегӯяд, назархоҳии конститутсионии рӯзи якшанбеи 21 октябр, ки ҳокимияти президенти Қирғизистон Қурмонбек Боқиевро таҳқим бахшид, ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалӣ набуд. Назархоҳӣ ба президент Боқиев имкон медиҳад, мансабдоронро таъйину барканор намояд. Ҳамчунон референдум ба ҳизби сиёсии Боқиев имкони касби курсӣ дар Маҷлиси қонунгузори Қирғизистонро таъмин мекунад. Сафорати ИМА дар Бешкек иброз доштааст, ки аз хилофкориҳо дар ҷараёни овоздиҳӣ нигарон мебошад. Тибқи гузоришҳои мӯътамад асноӣ назархоҳӣ аз ҷумла партофтани варақаҳои иловагӣ дар қуттиҳои раъйдиҳӣ мушоҳида шудааст.

XS
SM
MD
LG