Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Курдҳо омодаи мусолиҳаанд?


Ҳизби коргарони Курдистон эълом дошт, ки ба мусолиҳа омода аст ва аммо ба шарте, ки Туркия ҳамла ба мавқеъҳои ҳизбро қатъ кунад ва нақшаи вуруд ба шимоли Ироқро канор гузорад. Ин изҳорот аз тариқи сомонаи интернетии таҳти идораи ошубгарони курд пахш гардид.

Анкара мегӯяд, ки ҳудуди 3-ву ним ҳазор мусаллаҳони Ҳизби коргарони Курдистон аз сӯи раҳбарони курди Ироқ пуштибонӣ мешаванд - иттиҳоме, ки онро мақомоти Ироқ рад мекунанд.

Дар ҳамин ҳол Туркия таҷаммӯъи неруҳои худ дар марз бо Ироқро идома медиҳад. Ба иттилоъи хабаргузориҳо, имрӯз корвони мошинҳои низомӣ иборат аз 50 зиреҳпӯш ва сарбозону силоҳи вазнин ҷониби шаҳри марзии Улудере роҳ гирифт. Рӯзи якшанбе бар асари як ҳамлаи ғофилгиронаи мусаллаҳони курд дар марз бо Ироқ 17 низомии турк кушта шуданд. Ба иттилоъи Анкара, дар ҳамлаи ҷавобӣ беш аз 30 тан аз мусаллаҳони курд ба ҳалокат расиданд.

Имрӯз вазири умури хориҷаи Туркия Алӣ Бобакон гуфт, ки кишвараш қабл аз шурӯъи амалиёти низомӣ дар шимоли Ироқ роҳҳои дипломати ҳалли ин қазияро ҷустуҷӯ хоҳад кард. Интизор меравад, ки фардо ӯ ин мавзӯъро дар Бағдод бо мақомоти Ироқ баррасӣ кунад.
XS
SM
MD
LG