Пайвандҳои дастрасӣ

Идомаи сафари Райс ва Гейтс дар Маскав


Вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида Кондолиза Райс ва вазири дифои ин кишвар Роберт Гейтс имрӯз сафари худро дар Русия идома доданд. Гейтс дар дидоре бо афсарони ҷавони Русия гуфт, кишвараш дар баробари таҳдидҳои муштараки амниятӣ муштоқи ҳамкории наздиктар бо низомиёни Русия аст. Дар дидор дар академияи Ситоди умумии нирӯҳои мусаллаҳи Русия, Гейтс гуфт, Амрико мақсади таъсиси пойгоҳи ҳарбӣ дар Гурҷистон ва Украинаро надорад, аммо Русияро танқид кард, ки Эрон ва Сурияро бо силоҳ таъмин мекунад. Райс, дар ин байн, дар Маскав бо фаъолони ҳимояти ҳуқуқи башар мулоқот кард. Вай ба намояндагони ҳашт гурӯҳи ҳомии ҳуқуқ гуфт, мехоҳад, ба онҳо дар таъсиси ниҳодҳои ҳимояти мардум аз "қудрати мутлақи ҳукумат" кӯмак кунад. Гейтс ва Райс дар сафари Русия талош доштанд, ба ҳалли баҳси Вошингтону Маскав зимни тарҳи сипари зиддимушакии Амрико дар Аврупо даст ёбанд.

XS
SM
MD
LG