Пайвандҳои дастрасӣ

Ихроҷи 6 шаҳрванди Тоҷикистон аз Русия


Шаш шаҳрванди Тоҷикистон аз вилояти Красноярски Русия ихроҷ шуданд. Мақомоти ин вилоят мегӯянд, шаҳрвандони Тоҷикистон дар нақзи қонуни муҳоҷират айбдор дониста шуданд. Вазорати умури дохилии Русия изҳор дошт, ки ин 6 шаҳрванди Тоҷикистон аз ҳисоби маблағи давлати Русия ба ватанашон фиристода шуданд, зеро маълум нашуд, онҳоро кӣ ба Русия даъват кардааст ва то ҳоло дар кадом корхона кор мекарданд. Мутобиқи қонуни муҳоҷирати Русия акнун ин шаҳрвандони Тоҷикистон то 5 соли дигар ҳақ надоранд, ба Русия сафар кунанд.

XS
SM
MD
LG