Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ниҳоди наве ба ҷои Паймони Субот дар Сараево


Шурои ҳамкриҳои минтақаӣ барои ҷануби шарқи Аврупо дар Сараево ба кор шуруъ кард. Ин шуро ниҳодеро бо номи Паймони Субот дар ин минтақа иваз хоҳад кард. Паймони Суботро соли 1999 давлатҳои Ғарбӣ ташкил доданд, то суботи вазъ ва муносиботи ҳасанаи мардуми кишварҳои минтақаро таъмин кунанд ва ёрӣ диҳанд, ки ин кишварҳо бештар ба кишварҳои узви паймони НАТО наздик шаванд. Дафтари Паймони Субот соли 2008 дар Сараево баста мешавад. Фаъолияти Паймони Субот аслан ба ҳамкориҳо дар бахшҳои энержӣ, зербано, иқтисод, масъалаҳои иҷтимоъӣ, амният ва додгустарӣ муттамарказ шуда буд.

XS
SM
MD
LG