Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ироқ аз Блейкуотер ҷубронпулӣ хостааст


Ҳукумати Ироқ аз ширкати амрикоии Блейкуотер барои куштори мардуми осоиштаи Бағдод дар моҳи гузашта $136 миллион ҷубронпулӣ талаб кардааст - 8 миллион долларӣ барои хонаводаи ҳар нафаре, ки ба асари тирпаронии муҳофизони Блейкуотер кушта шуданд.

Моҳи гузашта баъд аз инфиҷор дар роҳи корвони мошинҳои дипломатии Иёлоти Муттаҳида муҳофизони Блейкуотер ба чаҳор сӯ бенизом оташ кушоданд ва бар асари ин 17 сокини осоиштаи Бағдод кушта шуданд.

Блейкуотер – ширкати ҳифозатии амрикоист, ки, аз ҷумла, масъулияти таъмини амнияти дипломатҳои Иёлоти Муттаҳида дар Ироқро бар дӯш дорад. Қаблан мақомоти Ироқ муҷаввизи ширкатро лағв карда талаб намуданд, ки тайи шаш моҳ муҳофизони Блейкуотер Ироқро тарк кунанд.

XS
SM
MD
LG